Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москва ширкат намуданд

Июнь 14, 2018 18:10

ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар«/. Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд.

Ҳамоиши бузурги варзишӣ 14 июн дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар маросими кушодашавии Чемпионати футбол дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Боливия, Лубнон, Панама, Парагвай, Руанда, Арабистони Саудӣ ва дигарон иштирок карданд.

Дар рӯзи нахустини кушодашавии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол аввалин шуда, тимҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Бозиҳои футбол ва рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови лаби Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги Федератсияи Россия гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон ин навъи варзиш дар саросари мамлакат хусусияти оммавӣ касб намуда, рушд карда истодааст.

Соли 2014 бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии амиқи Пешвои миллат барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар 2014 – «Соли оммавияти футбол» эълон гардида, дар доираи он инфрасохтори ин навъи варзиш хеле тараққӣ кард.

Дар натиҷа дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба чемпионатҳои Осиё роҳхат гирифта, тими мунтахаби кишвар ва дастаҳои машҳури ҷумҳурӣ борҳо бо дастаҳои пурқуввати қитъаи Осиё қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол - 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 14.06.2018

Июнь 14, 2018 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд