Рустами Шоҳмурод: «Аҳамияти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ хеле муҳим буда, он ба мақсадҳои 16-уми Ҳадафҳои Рушди Устувор мувофиқ мебошад»

Июнь 22, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 22.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аҳамияти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ хеле муҳим буда, он ба мақсадҳои 16-уми Ҳадафҳои Рушди Устувор мувофиқ мебошад. Ин нуктаро имрӯз, 22 июн Вазири  адлияи     Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Рустами Шоҳмурод зимни баргузории ҷамъомаде, ки дар меҳмонхонаи «Ҳайатт Реҷенси»- и шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи зарурати ислоҳоти қонунгузории низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод, директори кишварии Барномаи рушди СММ Ян Харфст, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хиҷаме Китаока ва дигарон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ шарти мусбат ва зарурии  идоракунӣ буда, пеш аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрванд ба ҳисоб меравад, зеро яке аз роҳҳои асосии муносибати давлат ба шаҳрванд ва масъалаҳои шаҳрвандӣ-ин ҳуҷҷатгузорӣ кардани ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

-Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар мамлакатҳои олам Баённомаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо ба тасвиб расонидааст. Парлумони Тоҷикистон ба изҳороти ҲРУ эътибори ҷиддӣ дода, барои амалӣ гардидани онҳо тавассути қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ тадбирҳо меандешад,-гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ.

Номбурда зикр намуд, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия ва ба тасвиб расиданд, ки ҷиҳати ба низом даровардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва риояи талаботи санадҳои қонунгузорӣ  муфиду арзишманд мебошанд.

Бояд гуфт, ки соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барӯихатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон сурат мегирад.  Бори охир чунин барӯихатгирӣ дар Тоҷикистони соҳибихтиёр соли 2010 гузаронида шуда буд.

Дар ин бора мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯихатгирии аҳолӣ» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои иловагии гузаронидани барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ба тасвиб расидаанд.

Июнь 22, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад