«Садои об аз Душанбе ба ҳама ҷаҳон танин медиҳад», – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июнь 28, 2018 13:51

ДУШАНБЕ 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи навбатӣ (25.06.2018, №124) оид ба маросими ҷамъбастии озмун бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, таҳти унвони «Ҷумҳурият» ва бедории миллӣ» мақола нашр кард. Дар озмун, ки 4 моҳ идома дошт, аз миёни 100 мақолаи таҳлилӣ ва илмӣ-публитсистӣ 53 мақола дар саҳифаҳои нашрия чоп шуданд. Мақолаи Кароматулло Олимов «Бобоҷон Ғафуров олими ҷаҳонӣ ва миллатдӯсти тоҷик» сазовори ҷойи аввал, мақолаи Ҳайдаршо Пирумшо «Бобоҷон Ғафуров: Аз шинохти тамаддуни Шарқ то рушди илми ховаршиносӣ» ва мақолаи Абдулҳай Маҳмадаминов «Наҷотбахшон» сазовори ҷойҳои дуюм ва се ҷойи сеюм ба матлабҳои Абдураҳмон Абдуманнон, Ҷамшед Ҷӯразода ва Аслиддин Низомӣ муносиб дониста шудаанд. Нашрияи «Ҷумҳурият» дар давоми ду соли охир 5 озмуни ҷумҳуриявиро бахшида ба қаҳрамонони Тоҷикистон баргузор кардааст, ки зимни он беҳтарин мақолаҳои илмӣ, адабӣ, публитсистӣ ва оммавӣ оид ба зиндагӣ ва фаъолияти шахсиятҳои таърихии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушду ташаккули сиришти маънавии миллати тоҷик инъикос ёфтаанд.

Мундариҷаи шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (26.06.2018, №125) аз хабару гузоришҳои муфассал оид ба сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд иборат ёфтааст. Пешвои миллат дар ҷараёни сафари корӣ як зумра иншооти ҳаётан муҳимро ифтитоҳ намуда, бо шароити зиндагии сокинон шинос шуданд ва дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. 24 июн Пешвои миллат дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ барои бунёди корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд. Мувофиқи нақша истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар ин корхона аввали соли 2020 ба роҳ монда мешавад. Дар ноҳияи Шаҳристон Сарвари давлат дар маросими ба истифода супурдани бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи беморхонаи марказӣ иштирок намуда, аз боғи интенсивии кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон» боздид ба амал оварданд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳристон биноҳои Қасри фарҳанг, маркази адлия, хобгоҳи интернат ба истифода супурда шуданд. Дар шаҳри Истаравшан бо ҳузури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» ифтитоҳ ёфтанд ва меҳмонхонаи «Киропол» аввалин мизоҷони худро қабул кард. Пешвои миллат ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор сокинони шаҳр дар тантанаҳои идона ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карда, ба шодиву хурсандии мардум ҳамроҳ шуданд.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» аз ҷараёни Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум бо сарлавҳаи «Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав интишор мешавад» гузориши муфассали матбуотӣ пешкаши хонандагон кардааст. Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ А.Раҳмонзода зимни муҳокимаи мавзӯи мазкур зикр кардааст, ки «Мутобиқи қисми 9 моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар сурати якчанд маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки онро душворфаҳм мегардонад, мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул ё тасдиқ намудааст, метавонад онро бо дарназардошти тағйиру иловаҳои воридгардида, дар таҳрири нав қабул ё тасдиқ намояд. Бо назардошти ин бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷиҳати дар таҳрири нав омода ва интишор намудани қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Вазорати адлия, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳафт ҷаласа баргузор намуда, лоиҳаи қонунҳои конститутсиониро омода ва пешниҳоди Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон намуд». Лоиҳаҳои мазкур баъд аз муҳокима ба овоз монда шуда, нисбат ба онҳо қарори дахлдор қабул гардид.

Нашрияи «Народная газета» бо сарлавҳаи «Садои об аз Душанбе ба ҳама ҷаҳон танин медиҳад», мусоҳиба бо Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимовро нашр карда, бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ, ки бар асари талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муяассар шудааст, суҳбати ихтисосии собиқ муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Достиевро пешниҳоди хонандагон намудааст. Нашрия оид ба мазҳабфурӯшии аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат бо сарлавҳаи «Ба мазҳаби шиа гаравидани наҳзатиҳо воқеият аст» мақола нашр кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ»  мақолаҳои зеринро пешкаши хонандагон кардааст: «Дар паси сояҳо», «Сулҳофарӣ гузашт мехоҳад», «Пойдевори рушди кишвар», «Ҳукмрони «Роҳи абрешим»-и баҳрӣ», «Ахлоқи зишт», «Сағир кард кори кабир», ки бешак, дар мавзӯъҳои муҳим навишта шуда, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта мешаванд.

Июнь 28, 2018 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард