Сафири Исроил аз Парлумони Тоҷикистон боздид намуд

Июнь 19, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 19.06.2018/АМИТ «Ховар»/.Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шапира Эдуард ба Парлумони  Тоҷикистон ташриф оварда,  бо  вакилони Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов ва Миралӣ Достизода мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Исроил ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо давлати  Исроил, бахусус тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Исроил изҳори қаноатмандӣ карда шуда, барои роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризм таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Дар мулоқот доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар танзими вазъи сиёсию низомии Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Исроил дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Июнь 19, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид