СИМОИ АСЛИИ ХОИНОН РӮШАН ГАРДИД! Намояндагони касбу кори гуногун амалҳои разилона ва хоинонаи ҲНИ ва хоҷагонашро маҳкум менамоянд

Июнь 22, 2018 08:07

ДУШАНБЕ, 22.06.2018/ АМИТ «Ховар»/. Филми «Решаҳои ноаён», ки шоми 18 июн тариқи телевизион намоиш дода шуд, бори дигар амалҳои разилонаву пасипардагӣ ва хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзат ва сармоягузорону хоҷагони эшонро нишон дод. Намояндагони касбу кори гуногун пас аз тамошои ин филм амалҳои ноҷавонмардонаву хоинона ва бар зидди давлату миллати тоҷик тарҳрезишудаи наҳзатиён ва хоҷагонашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шадидан маҳкум мекунанд. Аз ҷумла, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Насимҷон Оев ва ёрдамчии ректори ҳамин донишгоҳ Фурқат Мирбобоев дар матлабе бардошти хешро аз ин филм зикр намудаанд, ки он ба дасти АМИТ «Ховар» расид ва онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:  

Воқеаҳои солҳои охир дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гувоҳи ҳодисаҳои зиёд гардиданд, ки на танҳо пешравии бахшҳои алоҳидаро инъикос менамуданд, балки симои аслии хоинони Ватанро низ баҳри шаҳрвандон кушоданд.

Пеш аз ҳама ин ҳодисаҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 буд, ки гурӯҳи хоинон таҳти роҳбарии генерал Назарзода Ҳоҷӣ Ҳалим, аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ), ки дар Тоҷикистон манъ шудааст, кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуда буданд. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин иғвогариҳои хоинон дода нашуда, сари вақт пеши роҳи онҳоро гирифтанд ва дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ин гурӯҳи хоинонро  нобуд намуданд.

Филми мустанади  «Решаҳои ноаён», ки шоми 18 июни соли 2018 ба воситаи шабакаи «Тоҷикистон» намоиш дода шуд, бори дигар симои аслии хоинони Тоҷикистонро инъикос намуд, ки бо фармон ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ мехостанд ба сари мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар ҷанги шаҳрвандиро бор намуда, низоми сиёсии давлатдориро заиф гардонида, ба сари қудрат оянд. Барнома собит сохт, ки барои ин гуна генерал-хоинон, ба мисли Назарзода Ҳ., Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва саркардаи онҳо М. Кабирӣ Ватан, дину оин, фарҳангу миллат ягон қадру қимат надорад ва онҳо тайёранд ҳамаи ин муқаддасотро ба ивази пули ночизи хоҷагонашон, ки худро «дӯстони ҳамзабону ҳамфарҳанг»-и мо метарошиданд, иваз намоянд.

Хушбахтона, ин тири хоинон хок хӯрд ва мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон камари ҳиммат баста, кишвари худро боз ҳам зеботару пешрафтатар ва зиндагии шоистаро баҳри шаҳрвандон таъмин месозанд.

 

Июнь 22, 2018 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»