Созишномаи Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 6.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар хабар доданд, аъзои Шӯро Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» низ муҳокима гардид.
Зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳа — мутобиқ намудани Қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин бартараф сохтани мухолифати меъёрҳои ҷойдошта мебошад.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






