«Сулҳу ваҳдати тоҷикон неъмати бебаҳост» — конференсияи илмӣ-амалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

Июнь 22, 2018 15:25

ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Шоҳмансур    бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдати  тоҷикон неъмати бебаҳост»  конференсияи  илмӣ-амалӣ  доир шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар  конференсияи мазкур  намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазорату кумитаҳо, Академияи илмҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, масъулини тарабхонаҳо, иттиҳодияҳои динӣ, марказҳои фароғатӣ, сохторҳои ноҳиявӣ  ва воситаҳои ахбори омма  иштирок доштанд.

Дар конференсия раиси ноҳияи Шоҳмансур    Низом  Ҳакимзода  зикр кард, ки  маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ  имрӯз  Ватани мо ба пешравиҳои зиёд ноил гардида, сол то сол  барои  мардум  шароити зиндагии  шоиставу арзанда  муяссар мегардад.

Сипас  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ   Баҳром Абдуалимов,  узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов, муовини якуми Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух  Асрорӣ  дар  мавзӯи   мавриди назар   ибрози андеша намуданд.

Маърӯзачиён, аз ҷумла, зикр карданд, ки  Ваҳдати миллӣ бо ҷонбозиву талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матиниродаи тоҷик  ба даст омада,  ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёд  неъмати бебаҳост. Сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун таҷрибаи камназир барои барқарор кардани оромӣ дар бисёр давлатҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин мактаби бузург боиси ибрати ҷаҳониён гаштааст. Имрӯз дар Тоҷикистон ба шарофати сиёсати созандаи Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ба пирӯзии комил расидааст. Дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ пешравиҳо ба назар мерасанд, иқтисод, илм ва фарҳанг пайваста рушд доранд. Мо бояд  дар атрофи Пешвои миллати худ боз ҳам сарҷамътар  гардида,   неъмати аз ҳама бузурги зиндагӣ — сулҳу оромиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Конференсияи  илмӣ-амалӣ   бо мубодилаи афкори иштирокдорони он  анҷом ёфт.

 

Июнь 22, 2018 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад