ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июн, сешанбе, 177-умин рӯзи соли 2018 аст

Июнь 26, 2018 08:04

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

26 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафтанд.

***

4 сол пеш, 26 июни соли 2014 дар  Малайзия  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии «Протон» дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуданд. Зимни боздид ҳамчунин оид ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли   2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мулоқот ва оид ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

 26 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир.

 ***

Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.

 РӮЙДОДҲО:

26 июни соли 2009 хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин» ба истифода дода шуд.

***

 26 июни соли 2010 дар шаҳри Нью-Йорк дар синни 85 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.

***

Дар ин рӯзи соли 2011  дар шаҳри Душанбе аввалин Ҷашнвораи байналмилалии асбобҳои мусиқии «Навои арғунун» баргузор гардид.

***

26 июни соли 2014 миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

35 сол муқаддам, 26 июни соли 1982 Лигаи миллии футболи Америка кокаинро таҳдидкунандаи асосии варзиш номид.

***

26 июни соли 1995 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия ба автомобили Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак тир парронда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Дейли Нюс» ба нашр расид.

***

Соли 1976 дар шаҳри Торонтои Канада баландтарин бино дар ҷаҳон — Бурҷи миллии Канада (Canadian National Tower) бо баландии 553 метру 34 см сохта шуд.

 

 

Июнь 26, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад