Тарғиби тарзи ҳаёти солим яке аз ҳадафҳои Вазорати тандурустӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар кўчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, майдончаи мазкур аз ҷониби Вазорат дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ба истифода додани майдонча Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва дигарон иштирок ва сухан карданд.
Иншооти мазкур аз майдончаҳои универсалии бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон иборат буда, масоҳати умумии он 4250 метри мураббаъ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсад аз сохтани онҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






