Татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати нӯшокӣ

Июнь 27, 2018 11:01

ДУШАНБЕ, 27.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом ташриф оварда, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати ошомиданӣ иштирок намуданд.

Барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ маблағҳои қарзию грантӣ анҷом дода шуда, 25 ҳазор нафар аҳолии шаҳр бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардидаанд.

Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара гузаронида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати дигар корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Шабакаи обёрӣ ва таъмини аҳолии шаҳри Конибодомро бо оби босифати ошомиданӣ туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлили 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати нӯшокӣ 27.06.2018

Июнь 27, 2018 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия