Ҳунармандони франсуз ва дастаи ҳунарии «Навои Дарвоз» дар Душанбе маҳфили фарҳангӣ меороянд
ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ (21 июн) гурӯҳи ҳунармандони машҳури франсуз ба Тоҷикистон меоянд.
Тавре 22 июн зимни нишасти матбуотӣ намояндаи Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Этен Лансело ва иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Сергей Чутко ба хабарнигорон иброз доштанд, чун анъана мисли солҳои қаблӣ Маркази фарҳангии «Бохтар» бо мусоидати Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии мусиқиро таҷлил менамоянд. Дар ин росто, шоми 30 июни соли равон, соати 19:30 дар майдони «800-солагии Москва»-и назди бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳунармандони машҳури франсуз Валентин Кластиер ва Стивен Камперман консерти калон баргузор мегардад.
Дар консерт ҳамзамон овозхонҳои дастаи ҳунарии «Навои Дарвоз» таҳти роҳбарии Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Давлат Назрӣ дар назди мухлисон бо шеъру таронаҳои марғуб ҳунарнамоӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки иди мусиқӣ бори нахуст соли 1982 бо ташаббуси вазири фарҳанги вақти Франсия Ҷек Ланг ҷашн гирифта шуд. Баъдтар ин ҷашн марзи Франсияро убур намуда, алҳол дар зиёда аз сад давлати ҷаҳон таҷлил мегардад, ки ҳадафи он дастрас намудани мусиқӣ ба тамоми мардуми сайёра аст.
Дар Тоҷикистон Рӯзи мусиқӣ аввалин бор соли 2003 бо ибтикори Маркази фарҳангии «Бохтар» таҷлил гардида, аз соли 2006 инҷониб таҷлили он ба ҳукми анъана даромадааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






