Вакилони Парлумон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ»-ро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум доир шуд. Дар ҷараёни кори иҷлосияи мазкур як зумра лоиҳаҳои қонун ва созишномаҳо, аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» баррасӣ гардиданд.
Тавре аз палатаи поёнии Парлумон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» бо мақсади муайян намудани муносибатҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ оид ба маълумоти шахсӣ, инчунин баҳри танзим намудани принсипҳои асосии вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, таҳия ва бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Салимзода, А Холмуҳаммадзода ва Ҷ. Саидов пешниҳод гардидааст.
Дар иҷлосия вакилон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршуда, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии онро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Дар анҷоми иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






