21 нафар ноболиғон барои беҳудагардӣ ба шуъбаҳои милитсия дастрас карда шуданд

Июль 11, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои шабона дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 21 нафар ноболиғон ба шуъбаҳои милитсия дастрас гардиданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» нозири гурӯҳи иттилоотии  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров хабар дод, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои пешгирикунандаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалиёт ва санҷишҳо доир ба пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби наврасон машғул шудан ба талбандагиву оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда, кашидани бор дар бозорҳо ва ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофирбар, инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ, клубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани ноболиғону ҷавонон гузаронида шуданд.

Аз 21 нафар 10 нафар барои оворагардӣ ва 11 нафар барои машғул шудан ба бозиҳои комютерӣ дастрас шуданд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, аз таҳлилҳо бармеояд, ки муноқишаҳои гурӯҳие, ки вақтҳои охир миёни ноболиғону ҷавонон ба вуҷуд меоянд, агар аз як ҷиҳат сабабгори асосии он шабгардиву машғулшавӣ ба бозиҳои зараровари компютерӣ бошад, сабаби дигар бемасъулиятии волидайн мебошад.

«Аз ин рӯ аз падару модарон ва он нафароне, ки ба таълиму тарбияи ин насли ояндасоз масъуланд, талаб карда мешавад, ки нисбат ба ояндаи ноболиғону наврасон бетараф набошанд. Волидайн бояд  онҳоро ба омӯзиши илму дониш маҳз дар ин шабу рӯз, ки хонандагон дар таътили тобистона қарор доранд, тарғиб ва ҷалб намоянд. Зеро  танҳо ҷавонони бо илму маърифат метавонанд дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд»,-зикр намуд С.Шукуров.

Июль 11, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад