29 июл- Рӯзи байналмилалии паланг. Коршиноси тоҷик: «Имконияти барқароркунии популятсияи палангро дар шароити табиати ёбоӣ таъмин кардан мумкин аст»
ДУШАНБЕ, 29.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Олимони ҷаҳон бо ҳадафи ҳифзи паланг аз маҳвшавӣ дар назди худ мақсад гузоштанд, ки саршумори палангро то соли 2022 ду маротиба зиёд намоянд. Ин дар ҳолест 29 июл ҷомеаи ҷаҳон аз Рӯзи байналмилалии паланг /International Tiger Day/ таҷлил менамояд. Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии паланг аз ҳамоиши байналмилалии оид ба мушкилоти ҳифзи паланг дар ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли 2010 дар Санкт-Петербурги Россия доир гардида буд, ибтидо мегирад.
Дар табиат паланг, яке аз ҳайвонҳои даррандаи зебо ва бузургҷусса буда, аз лиҳози вазн ва дарозии бадан аз дигар даррандаҳои оилаи гурбашакл тафовут дорад. Паланг 10 ҳазор сол қабл аз ҷангалзорҳои Сибир ба шимоли Чин ва Корея кӯчиши биологӣ намуда, тавассути қаторкӯҳҳои Ҳимолой ба Ҳиндустон, ҷазираҳои Малайзия, Суматра, Ява, Балӣ ва дигар давлатҳои ҳаммарз бо ин кишварҳо муҳоҷират намудааст.
«Бо таъсири фаъолияти инсон дар асрҳои 19-20 саршумори паланг дар сайёраи Замин ба 100 ҳазор сар рост меомад, аммо то имрӯз саршумори паланг дар экосистемаҳои табиӣ 6,5 ҳазор сарро ташкил дода, боиси аз байнравии баъзе намудҳои паланг дар табиати ёбоӣ гардид. Яке аз онҳо паланги тӯронист, ки тахмин 2 миллион сол пеш дар шимоли Чин ва 1,5 миллион сол пеш дар Осиё пайдо шудааст», -чунин гуфт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» коршиноси ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Убайдулло Акрамов дар остонаи Рӯзи байналмилалии паланг.
Мавсуф афзуд, ки паҳншавии паланги тӯронӣ дар солҳои 30-уми асри XX дар соҳилҳои Амударё ва Вахшу Панҷ ва дигар экосистемаҳои кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Чин, Наздибайкали Россия мушоҳида гардид. Бо таъсири қонуниятҳои табиат дар шароити табиати ёбоӣ аз 9 намуди паланг- амурӣ, бенгалӣ, ҳиндухитоӣ, хитоӣ, сумариягӣ, баливягӣ, яваягӣ, тӯронӣ ва каспий, 3 намуд -баливягӣ, яваягӣ ва тӯронӣ пурра аз байн рафтааст.
Бояд тазаккур дод, ки паланги тӯронӣ тахмин 1,5 млн.сол муқаддам аз ҳудуди Чин ба Осиёи Миёна кӯчиши биологӣ намуд. Дар солҳои 1930 ба воситаи соҳилҳои Амударё ба экосистемаи мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ворид шудааст. Паланг дар як қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ дар поёноби дарёи Панҷ, Вахш, водии дарёи Панҷ, поёноби Чубек, Қизилсӯ, Яхсу ареали худро паҳн карда буд. Дар солҳои 1930 асри ХХ дар поёноби дарёи Вахш 15-20 паланг мушоҳида карда шуд. Дар водии Ҳисор соли 1938 дар собиқ ноҳияи Роҳатӣ нахустин паланг, мушоҳида ва маҳв карда шуд.
Дар соли 1948 дар 100 км ҳудуди туғайзори қисми чапи соҳили дарёи Вахш 3 паланги тӯронӣ ва якчанд сол ҳолати афзоиши паланг дар туғайзорҳои тарафи рости дарёи Панҷ ҷамъшавӣ ва афзоиши паланги тӯронӣ ба назар расид. Дар соли 1950 ареали паланг дар ҳудуди мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» маҳдуд ва соли 1954 дар фасли тобистон охирон маротиба паланги тӯронӣ мушоҳида гардид.
Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки дар натиҷаи сӯхтори туғайзорҳои тарафи чапи дарёи Панҷ ва дигар омилҳои антропогенӣ, паланги тӯронӣ аз минтақаи мазкур муҳоҷират кард. Афзоиши паланги тӯронӣ дар табиати ёбоӣ, мутаассифона, имрӯз ба назар намерасад ва паланги тӯронӣ ҳамчун зернамуд маҳв гардидааст. Дар асри XX паланг ба Китоби сурхи Тоҷикистон, Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат (МСОП), Китоби сурхи собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ворид гардида, шикори паланг дар ҷаҳон қатъян манъ карда шудааст.
Барои барқароркунии ареали паланги тӯронӣ соли 1998 Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид, ки паланги тӯронӣ барои наҷот ёфтан ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Коршиноси ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда мегӯяд, ки дар шароити табиии Тоҷикистон ва дар сурати ҷудо кардани замини хос барои сукунати паланг, хусусан бо назардошти васеъ намудани ҳудуди мамнӯъгоҳ бо масоҳати беш аз 100 ҳазор га дар заминҳои ҳавзаи Амударё ва Панҷу Вахш, ки садҳо ҳазор га заминҳои бекорхобида вуҷуд дорад, имконияти барқароркунии популятсияи палангро дар шароити табиати ёбоӣ, таъмин кардан мумкин аст.
Убайдулло Акрамов бо дахли хусусиятҳои биологии паланг афзуд, ки паланг дар об шино ва оббозӣ намуданро бештар дӯст медорад, барои наҷот ёфтан аз гармии ҳаво ва вазиши шамоли хушк бештар ба дохили об медарояд. Ин даррандаи зебо бо таъмини ғизои устувор то 20 сол ва дар баъзе ҳолатҳо то 30 сол умр мебинад. Палангон шабонгоҳҳо бештар то 90-100 км масофаро озодона тай карда барои шикор минтақаҳои сукунати ҳайвонҳои сумдорро интихоб менамоянд. Паланг даррандаест, ки тозагиро бештар дӯст дорад, аз ин рӯ баъди шикор ба об даромада худро аз ифлосиҳо пок мекунад ва дар офтобрӯй фароғат ва роҳат менамояд.
Сардии ҳаво ва боришоти барф барои шикори палангон монеъаҳои зиёдро пеш меорад. Паланг аз ҳайвонҳои сумдор -оҳуи бухороӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), хук ва олами паррандагон, каламӯш ва заргӯшро шикор мекунад. Паланг бо ҷаҳишҳои аз 3 то 6м ҷаҳиш карда сайдро бо осонӣ дошта мегирад. Паланг сайди худро аз масофаи 300 — 400 м. назорат мекунад ва сайдро бо сурати баланд шикор мекунад. Ҳангоми доштани сайд паланг дар аввал то 25-35 кг гӯштро мехӯрад ва боқимондаи сайдро дар ҷойҳои бехатар ҷойгир карда аз он ғизо мегирад.
Макони зисти палангон асосан зер ва дохили анбӯҳи дарахтон, заминҳои оббурда ё ғорҳо, дохили найзорон, буттагиҳо муҳити найзорҳо ва растаниҳои бисёрсола мебошад. Паланг дар табиати ёбоӣ нақши санитари табиатро бозида, дар нобуд ва безарар намудани ҳайвонҳои фавтида ва дорои бемориҳои сироятӣ, паҳнкунандаи олами набототи захираҳои ҷангал, таъмини мувозинати биологии олами ҳайвоноти алафхӯр саҳм дорад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазрати Шоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри I, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шоҳдара, Вахон, Аличӯри Ҷанубӣ ва Шимолӣ бабри барфӣ паҳн гардидааст. Назар ба иттилои коршиносни ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда, ҳафтод фоизи паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди кӯҳҳои Помир дар баландиҳои 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр рост меояд. Макони сукуннати бабри барфӣ асосан марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ, нишебиҳои тез, дарраҳои чуқур, харсангҳо ва сангтӯдаҳо мебошад.
Дар ин росто, нақши биологии бабри барфӣ дар таъмини мувозинати биологии экосистемаҳои табиӣ, занҷири ғизоӣ, устувории экосистемаҳои табиӣ, рушди ҷангалзорҳо, марғзорҳои табиӣ, чарогоҳҳои табиӣ, аҳамияти хосса дорад. То нимаи солҳои 6-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон саршумори бабри барфӣ ҳазор сар арзёбӣ гардидааст, мегӯяд коршинос.
Саршумори бабри барфӣ дар кишварамон ҳудуди 250 саррро ташкил медиҳад. Бабри барфӣ ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуда, шикори он қатъиян манъ аст. Зеро бо таъсири омилҳои экологӣ маҳдудшавии ареалӣ бабри барфӣ ва маҳвшавии он дар Тоҷикистон дар 50 соли охир бошиддат боло рафта, боиси маҳдудшавии ареал ва миқдори популятсияи бабри барфӣ то 50-70 % афзудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»














НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






