Аҳтам Абдуллозода : «Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 36 медали тилло ворид гардид»

Июль 31, 2018 16:24

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 105 медал, аз ҷумла 36 медали  тилло, 21 нуқра ва 48 биринҷӣ ворид гардидааст. Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. 

Ба иловаи номбурда, дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар ҷумҳурӣ соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ рушд ёфта, махсусан инфрасохтори он рӯ ба афзоиш аст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар ҷумҳурӣ 122  варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ ва 788 маҷмаа новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки ин метавонад барои рушди соҳаи варзиш ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш мусоидат намояд.

«Ҳоло иштироки бонувони варзишгар дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ зиёд шуда, дар нимсолаи якуми соли 2018  аз тарафи Кумита дар 15 чорабинии сатҳи байналмилалӣ 35 нафар варзишгарон иштирок намуданд, ки  6 нафари онҳоро  бонувон ташкил медиҳанд», — гуфт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Июль 31, 2018 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад