АМАЛИ РАЗИЛОНАРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ! Изҳороти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба сӯиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣ

Июль 31, 2018 09:27

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабарро  дар бораи  амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи хоинони ватан нисбат ба сайёҳони хориҷӣ, ки боиси марги фоҷиавии 4 нафари онҳо – 2 америкоӣ, як ҳолландӣ ва як швейтсаригӣ гаштааст, бо хашму ғазаб ва андӯҳи бузург қабул намуда, ба чунин инсонҳои ҳайвонсифат  лаънат мехонад. Дар ин бора дар муроҷиатномаи шӯрои мазкур омадааст. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ин амали разилона дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ханҷар ба дили фардҳои ба номус задан ва кӯшиши он аст, ки доғ ба номи халқи бошарафи Тоҷикистон биёранд.

Имрӯз халқҳои ҷаҳон ба Тоҷикистону тоҷикистониён боварӣ доранд, бо дили пур, бо умеди орзуи дидан аз мардуми кӯҳантаърих, огаҳӣ ёфтан аз фарҳанги волои он, сарзамини бостонӣ ба диёри мо қадам мегузоранд. Дар чунин ҳолат худобехабарони беору беномус  ба обрӯю эътибори мо ватандорон хати батлон зада, дар байни аҳли башар шарманда карданӣ шуданд. Зермаънии ин амал сиёҳкунии Тоҷикистон аст ва онҳо гуфтанианд, ки гӯё ба оромии Тоҷикистон  бовар кардан мумкин нест. Хоинон бо нишондоди хоҷаҳои хориҷии худ даст ба чунин амал заданд, вале онҳо ба мақсадҳои худ намерасанд. Тоҷикистон ором аст ва ором мемонад, халқи мо меҳмонро эҳтиром мегузорад, ба дили гарм ба оғӯш мегирад. Ин анъанаи мо, рисолати мардуми мо аст. Онҳое ки ба ин анъанаҳо риоя намекунанд бо мо нестанд.

Халқи Тоҷикистон аз санҷиши иғвоҳои вазнин гузашта, ба имрӯзи фирӯз расидааст ва ягон амал ва қувва мавқеи устувори сулҳҷӯёна, ваҳдатпазирона ва инсонпарваронаи давлату ҳамватанони моро дигар карда наметавонад. Мо ба ояндаи неку амалигардии ормонҳои олии миллиамон бовар дорем ва барои он талош хоҳем кард.

Онҳое ки амали зиштро содир намуда, худ буздилонаю тарсуёна роҳи гурезро пеш гирифтаанд, аз ҷазои боадолатона гурехта наметавонанд. Мо ба кордонию пухтакории сохторҳои дахлдор эътимод дорем ва бовар менамоем, ки гурезпоҳои ҳаромкор дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

Мо кулли ҳамдиёрон дар навбати аввал иштирокчиёни Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолонро даъват мекунем, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мавқеи оштинопазиронаи худро нисбат ба ҳама гуна падидаҳои зиддиҷамъиятии моҳиятан характери экстремистию террористӣ дошта намоиш диҳанд ва ба ҳама гуна бӯҳтону иғво зарбаи марговар зада, аз ҳар вақта бештар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хотири ояндаи дурахшони халқамон муттаҳид шаванд.

 

Шӯрои Ҳаракати
ҷамъиятии ваҳдати миллӣ
ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Июль 31, 2018 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон