Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи хурдсол ба Душанбе оварда шуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 25 июл ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи хурдсол, ки дар Россия ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст, ба Душанбе оварда шуд.
Ҷасади Ҳувайдоро падару модари ӯ, чанд сол пеш ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, инчунин кормандони масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд.
Падари Ҳувайдо гуфт, ки пас аз маросими ба хоксупории духтараш як ҳафта баъд ба Россия хоҳад баргашт ва талош хоҳад намуд, то гунаҳгори қатли бераҳмонаи духтараш шадидан муҷозот шавад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаро субҳи 23 июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии маҳалли зисташон пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Россия, кӯдаки 5-сола таҷовуз ва бераҳмона кушта шудааст.
Гулнора Шарифова, модари Ҳувайдо, дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки духтараш ҷонваронро хеле дӯст медошт ва ба гуфтаи ӯ, қотил ҳам маҳз бо ҳамин роҳ ӯро ба доми худ афтондааст.
«Аз пушти хона соати 4 гирифта бурдаанд. Ӯ ҳайвонҳоро зиёд дӯст медошт, бо сагҳо бозӣ мекард. Аз пушти саг рафт. Ҳамсоя дид ва гуфт аз қафои духтарат рав, ки пушти хона рафт. Рафтам, дарашро задам, намонданд, ҳамакаса маро доштанд. Ҳатто бо милисаҳо қад ба қад шудам, аммо гуфтанд, ки фоида надорад, кори шудагӣ шуд»,-гуфт Гулнора Шарифова.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС имрӯз хабар дод, дар робита ба таҷовуз ва қатли кӯдаки тоҷик мақомоти интизомии Россия Александр Сёмини 27-соларо дастгир кардаанд, ки дар як бино бо хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекардааст. Кумитаи тафтишотии Россия ҳоло ба тафтиши ин куштори ваҳшиёна машғул аст.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба ВКХ-и Россия номаи ёддошт (нота) ирсол намуд, ки дар он омадааст: «Куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид».
Дар номаи ВКХ ҶТ ҳамчунин омадааст, ки «тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад».










Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






