Аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷомеаро баррасӣ менамоянд

Июль 19, 2018 08:25

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 августи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз палатаи болоии Парлумони мамлакат хабар доданд.

Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи  ҳифзи маълумоти шахсӣ», «Дар бораи дурнамоҳои  давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди  иҷтимою иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат баррасӣ ва ҷонибдорӣ мегарданд.

Июль 19, 2018 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид