БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРӢ. Имрӯз онҳо сабаби даст ба ҷиноят задани ноболиғон мегарданд

Июль 24, 2018 12:05

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи ҳар гуна бозӣ, филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун, мутаассифона, имрӯз барои баъзе аз ноболиғону ҷавонон мояи шавқу тамошо гардидаанд. Ба гуфтаи масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз чунин бозиҳо ба рӯҳу равони инсон, махсусан ноболиғон, ки ҳанӯз инкишоф наёфтаанд, таъсири манфӣ расонида, оқибат онҳоро ба содир намудани ҳар гуна амалҳо бар зидди ҷамъият водор месозанд.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти  пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Файзиддин Назаров иброз дошт, яке аз сабабҳое, ки ноболиғон даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар корҳои номатлуб мезананд, ин, пеш аз ҳама,  дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани волидайн, дар оилаҳои носолим тарбия гирифтани онҳо ва бетарафии ҷомеа мебошад.

«Аз тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 7 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол падару модароне ҳастанд, ки аз талаботи ин қонун бехабаранд ва уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд намедонанд. Дар ҳоле, ки ин қонун бояд дастури рӯимизии ҳар хонадон бошад. Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни номбурда 17 майи соли равон аз соати 18 рафтани фарзандон ба марказҳои дилхушию компютерӣ манъ карда шудааст, аммо то ҳол падару модароне ҳастанд, ки фарзандонро беназорат мегузоранд. Дар натиҷа фарзандон даст ба кирдорҳои номатлуб ва ҳуқуқвайронкунӣ мезананд».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар шаш моҳи соли равон аз тарафи кормандони Хадамот 2932 маротиба амалиёти муштарак гузаронида шудааст, ки дар натиҷа 2286 нафар ноболиғон  барои вайрон кардани баъзе тартибот ба шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои Вазорат дастрас карда шуданд. Аз ҷумла, барои оворагардӣ 1464 нафар, барои талбандагӣ 356 нафар, барои кашидани бор дар бозорҳо 209 нафар.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, миёни ноболиғоне, ки дар пойтахт ба оворагардӣ машғуланду аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ боздошт шудаанд, нафароне ҳастанд, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошанд. Бепарвоӣ ва ё бемасъулиятии падару модарон аст, ки онҳо аз манзили зисташон берун шуда, ҳафтаҳо дар маркази ҷумҳурӣ даст ба амалҳои номатлуб мезананд ва касе ба суроғашон намеояд.

Июль 24, 2018 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид