ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ: Ҳамаи ҷуфтҳои марҳилаи ¼-финалӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 04.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Охирин иштирокчии марҳилаи ¼- финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Россия муайян шуд. Дар бозии 1/8-финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи мунтахаби Англия дар паи силсилаи зарбаҳои 11-метра, ки пас аз вақти асосӣ ва 30 дақиқаи иловагӣ сурат гирифтанд, дастаи мунтахаби Колумбияро шикаст дод. Бозии мазкур 3 июл дар варзишгоҳи «Спартак»-и Москва баргузор гардид.
Голҳоро дар ҳайати Англия Харри Кейн дар дақиқаи 57-ум тавассути ҷаримаи 11-метра ва дар ҳайати Колумбия Ерри Мина дар дақиқаи 93-юм вориди дарвоза намуданд.
Бозии ин дастаҳо дар вақти иловагӣ низ ғолибро муайян карда натавонист ва, бинобар ин, тақдири бозиро силсилаи зарбаҳои 11-метра ҳал намуд. Дар он дастаи мунтахаби Англия бо ҳисоби 4 бар 3 ғалаба ба даст овард.
Ҳамин тариқ, англисҳо ба марҳилаи ¼-финалии Чемпионати ҷаҳон — 2018 роҳ ёфта, 7 июл соати 19:00 ба вақти Душанбе дар шаҳри Самара бо шведҳо қувваозмоӣ мекунанд.
Ҳамчунин дар марҳилаи ¼-финалӣ 6 июл Уругвай — Франсия дар Нижний Новгород соати 19:00 ва Белгия — Бразилия дар Қазон соати 23:00 вориди майдон мешаванд. Дастаи мунтахаби Россия дар марҳилаи мазкур 7 июл дар Сочи бо Хорватия дидор анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон — 2018 дар Федератсияи Россия 14 июн оғоз гардида, то 15 июл идома меёбад.
Доир ба ҳамаи хабарҳо ва тафсилоти бештари бозиҳои Чемпионати ҷаҳон – 2018 дар рубрикаи махсуси сомонаи АМИТ «Ховар» ва барномаҳои варзишии Радиои «FM Ховар» огоҳ шавед!









Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






