ДАР ДУШАНБЕ КӮЧА ВА ТЕАТР НОМИ МАЯКОВСКИЙРО ДОРАНД… Ба 125-солагии шоир, драматург ва публитсисти маъруф бахшида мешавад

Июль 19, 2018 14:24

ДУШАНБЕ, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз мавлуди шоир, драматург, публитсист ва рассоми моҳир Владимир Маяковский 125 сол сипарӣ мегардад. Ӯ аз зумраи адибони маъруфи  рус мебошад, ки бо офаридаҳои беназираш дили миллионҳо нафар хонандагонашро тасхир намуда буд.

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «Маяковский бо маҳсули эҷоди худ ба дунёи адабиёти рус таровати дигар зам намуд. Сабки эҷоди ӯ аз Сергей Есенин, Александр Пушкин ва Александр Блок ба куллӣ фарқ мекард».

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, адибони тоҷик, ба мисли Пайрав Сулаймонӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷумлаи пайравон ва давомдиҳандагони сабки реалистии Маяковский ба шумор мераванд.

Эҷодиёти ин адибон аз нигоҳи услуб ва мазмун ба ашъори Маяковский шабеҳ мебошанд.

Бо пайравӣ ба Маяковский онҳо тавонистанд ба шеъри тоҷик тағйироти нав ворид сохта, онро ба сабки реалистӣ наздик созанд. То ин дам шоирони тоҷик танҳо шеърҳои тавсифӣ эҷод мекарданд.

Яке аз адибони сабки реалистӣ Пайрав Сулаймонӣ мебошад, ки дар тӯли ҳаёти кӯтоҳи худ, ки ҳамагӣ 34 сол умр дид, тавонист аз худ ашъори зиёде боқӣ гузорад. Бояд гуфт, ки ин сабкро Пайрав Сулаймонӣ дар пайравӣ ба В. Маяковский пеш гирифта буд.

«Тавре духтараш Гулчеҳра Сулаймонӣ ба ёд меовард,  ӯ ба сабку услуб ва маҳорату эҷодиёти Маяковский арҷи баланд мегузошт»,- иброз намуд Ато Мирхоҷа.

Ҳабиб Юсуфӣ на танҳо адиб ва драматург, балки аз зумраи адибони ватандӯст буд. Ӯ пайваста дар ҷустуҷӯи эҷодиёти нав буд.

Ҳабиб Юсуфӣ ва Пайрав Сулаймонӣ на танҳо сабки Маяковскийро дар Тоҷикистон ба адабиёт ворид карданд, балки дар пайравии ӯ шеърҳои ватандӯстона эҷод намуда, бархе аз шеърҳои худро ба ӯ бахшиданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ашъори ин ду шоири ширинкаломро дар тамоми мактабҳои таҳсилотӣ меомӯзанд.

Хуллас, шоири шаҳир Владимир Маяковский дар тӯли ҳаёти кӯтоҳи худ шеърҳои зиёде навишт. Ӯ бо тамоми ақлу хирад ва сифатҳои баланди инсонӣ ба навиштани шеърҳои ватандӯстона кӯшиш мекард, то эҳтирому дӯстдорияшро нисбат ба Ватан бо шеър ифшо созад, то  Ватанашро ҳамеша ободу зебо бубинад. Дар Тоҷикистон низ ин шоири ватансароро дӯст медоранд. Ин аст, ки ба поси хотири ӯ дар шаҳри Душанбе кӯча ва театр номи ӯро гирифтаанд.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2018 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд