Дар Душанбе таъмири роҳи хиёбони Рӯдакӣ то 5 август ба анҷом мерасад

Июль 26, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таъмири асосии  роҳи хиёбони Рӯдакии пойтахт, ки 27 июн шурӯъ гардид, то 5 августи соли равон ба анҷом мерасад. Алҳол роҳсозон дар хиёбони  мазкур, дар минтақаи майдони «Дӯстӣ», аз  буриши кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур то буриши кӯчаи Бухоро корҳои таъмириро ба анҷом расонида,  ба  асфалтпӯш кардани он машғул мебошанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин минтақа бо ҷараёни корҳои таъмирӣ аз наздик шинос шуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.

Тибқи иттилои масъулин, фармоишгари таъмири асосии хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов)  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, пудратчии асосии корҳои сохтмонии иншооти мазкур Ҷамъияти  саҳомии шакли пӯшидаи «Заводи  асфалту бетон» мебошад.

Алҳол дар  ин минтақаи роҳ 100 нафар   коргарон  бо истифодаи зиёда аз 40 адад техникаи муосири роҳсозӣ  ба таври шабонарӯзӣ дар се баст  фаъолият доранд.

Хотиррасон менамоем, ки  корҳои таъмиру  навсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ қитъа ба қитъа гузаронида мешавад. Бинобар  ин  дар ин давра дар  қитъаҳои  таъмиршавандаи роҳ   ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт    қатъ карда мешавад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат  ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ  гардидааст.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад