Дар Муъминобод нақшаи супоридани пилла барзиёд иҷро гардид
МУЪМИНОБОД, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод сол аз сол кирмакпарварӣ рушд ёфта, деҳқонони ноҳия баҳри тараққии соҳа саҳми босазо мегузоранд.
Тавре роҳбари Ҷамъияти кушодаи «Пиллаи Муъминобод» Сафар Муродов иттилоъ дод, кирмакпарварони ноҳия имсол кӯшиш карданд нақшаи супоридани ашёи хомро барзиёд иҷро намоянд.
Имсол баҳри парвариш ва нигоҳубини кирмак 118 қуттӣ ба 7 ҷамоат тақсим карда шуд, ки дар натиҷа 900 кг пиллаи навъи якум ҷамъгардид. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 кг зиёд мебошад. Ба гуфтаи манбаъ, барои ҳар як килограмм пилла ба шаҳрвандон 10 сомонӣ пардохта шуда, инчунин барои ҳавасманд гардидани онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Дар ҷамъоварии ашёи хом саҳми ҷамоатҳои деҳоти Деҳибаланд, Шамсиддини Шоҳин, Боғигаӣ, Ҷилдухтарон, Маркази саломатии ноҳия назаррас буда, онҳо аз 100 то 320- килограммӣ пилла ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, ки агар дар ноҳия барои нигоҳубини кирмак ҷои махсус ҷудо гардида, кирмакпарварон бо шароити хуб таъмин шаванд, дар як сол аз 1500 то 2000 кг ашёи хом ба даст овардан мумкин аст.









Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






