Дар ноҳияи Тоҷикобод ба сохтмони беморхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд

Июль 24, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод  ҷиҳати сохтмони беморхонаи замонавӣ барои 45 ҳазор аҳолӣ санги асос гузошта шуд.

Тавре дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари дармонгоҳи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Тоҷикобод Диловар Тақдиров  хабар дод, тибқи нақшаи тасдиқшуда, бинои беморхона аз 2 ошёна ва зербино иборат мебошад.

Ба иттилои мавсуф, бинои мазкур барои  21 ҳуҷраи функсионалӣ ва 2 ҳуҷраи  хоб барои даҳ нафар пешбинӣ шудааст.

«Сохтмони беморхонаи замонавӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод оғоз гардида, тибқи нақшаи пешбинишуда, пас аз анҷоми сохтмон бино бо технологияи навин мавриди истифода қарор мегирад. Сохтмони чунин беморхона давоми 20 соли охир дар таърихи ноҳияи Тоҷикобод бори аввал буда, он барои аҳолии ноҳия туҳфаи хуб маҳсуб  мешавад»,- мегӯяд Диловар Тақдиров.

Тибқи нақша, сохтмони беморхона моҳи майи соли 2019 ба охир мерасад.

Июль 24, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад