Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2018 07:52

ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир дар воситаҳои ахбори омма хабарҳои зиёд оид ба таъқиби ҷиноятӣ ва вазнинии ҳукми суд нисбат ба шаҳрванд Мирсаидов Х. Ҳ. ба табъ расида, дар баъзе аз чунин хабарҳо ин ҳолат ба рӯзноманигор будани номбурда вобаста карда, ҳатто ба омилҳои сиёсӣ доштани парвандаи ҷиноятӣ ишора карда шудааст.

Аз ин лиҳоз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморад, ки ба масъалаи мазкур равшанӣ андозад.

Қабл аз ҳама, бояд зикр намуд, ки дар парвандаи ҷиноятӣ ягон маълумот оид ба фаъолияти сиёсӣ ва ё рӯзноманигории Мирсаидов Х. Ҳ. мавҷуд набуда, номбурда барои он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд маҳкум карда шудааст, ки ҳангоми ба ҳайси роҳбари дастаи «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» (КВН) фаъолият намуданаш бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо даст ба азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ зада, аз нияти ғаразнок дидаю дониста, оид ба содир шудани ҷинояти вазнин хабари бардурӯғ расонидааст, ки худ ҷиноят мебошад.

Мувофиқи ҳукми суд Мирсаидов Хайрулло Ҳабибуллоевич ҳамчун роҳбари дастаи «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» барои иштирок дар бозиҳои «КВН» дар шаҳрҳои Москва ва Сочии Федератсияи Россия ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон давоми солҳои 2014-2017 аз буҷети давлатии вилояти Суғд маблағи 976 285 сомонӣ гирифта, 123 913 сомонии онро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ва барзиёд нишон додани хароҷоти кирояи манзил ва ғайра аз они худ намудааст.

Баъди аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд О. Зоҳидзода ошкор гардидани ин ҳолат ва талаб намудани ҳисоботи хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, Мирсаидов Х.Ҳ. аз нияти ғаразнок, яъне бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 8 ноябри соли 2017 тавассути сомонаи интернетии «Ахбор.сом» ба раиси вилояти Суғд муроҷиат намуда, хабар додааст, ки гӯё О. Зоҳидзода аз ӯ ба сифати пора 1000 доллари ИМА тамаъ карда истодааст.

Хангоми баррасии судӣ, ки бо иштироки 4 нафар химоятгарони Мирсаидов Х.Ҳ. баргузор гардид, гунаҳкории ӯ бо маҷмӯи далелҳои боэътимод тасдиқи пурраи худро ёфтааст.

Бинобар ин, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 11 июли соли 2018 Мирсаидов Х.Ҳ. дар содир намудани ҷиноятҳои пешбиникардаи моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (Азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон), 340 қисми 2 банди «а» (Сохтакории ҳуҷҷатҳо) ва 346 қисми 2 бандҳои «а, в» (Дидаю дониста аз нияти ғаразнок расонидани хабари бардурӯғ оид ба содир кардани ҷинояти вазнин) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, бо дарназардошти он, ки аз ҷониби ӯ зарари ба давлат расонидашуда барқарор карда нашудааст, ба маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр маҳкум карда шудааст.

Тибқи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад». Ҳукми суд нисбат ба Мирсаидов Х.Ҳ. санаи 11 июли соли 2018 бароварда шуда, айни ҳол ба қувваи қонунӣ надаромадааст. Аз ин рӯ Мирсаидов Х.Ҳ. ва ҳимоятгарони ӯ дар ҳолати норозӣ будан бо он тибқи талаботи қонун метавонанд дар муҳлати кассатсионӣ ба суди болоӣ шикоят намоянд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ парвандаи ҷиноятии мазкурро омӯхта, дар ҳолати номувофиқии ҷазои таъйиншуда ба вазнинии ҷиноят метавонад аз болои ҳукми суд эътироз оварад.

Айни ҳол муҳокима ва зери танқид қарор додани ҳукми суд аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ҳамчун халалдор сохтани адолати судӣ арзёбӣ гардида, аз доираи этикаи касбии рӯзноманигор берун мебошад.

 

Маркази матбуоти
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 июли соли 2018.

Июль 13, 2018 07:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад