Хизматрасонӣ дар хатсайри автобуси №8 дар Душанбе тавассути корти электронӣ ба роҳ монда мешавад

Июль 9, 2018 08:15

ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  тасмим гирифтааст, ки хизматрасонӣ  дар хатсайри автобуси №8-и пойтахт  (Фурудгоҳи кӯҳна-маҳаллаи Зарафшон)  пурра тавассути  корти электронӣ  ба роҳ монда шавад.

Дар ин бора  аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар робита ба ин,  аз шаҳрвандон хоҳиш  карда мешавад, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо  ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳои ин макон  дастрас намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  шурӯъ  аз   1 апрели соли равон  дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе —  автобусу   троллейбус  пардохти роҳкиро  пурра     ба шакли  ғайринақдӣ, дар айни замон  ба воситаи  корти ягонаи  «Cityсard» ба роҳ монда шудааст.  Ин иқдом дар асоси татбиқи  лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ  мешавад.

Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани  корт барои 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус   барои донишҷӯён 30 фоиз,  барои дигарон 15 фоиз  тахфиф  пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин  меҳмонону  сайёҳони хориҷӣ     метавонанд аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ   кортҳои кӯтоҳмуддати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар  мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ дастрас намоянд.

 

 

Июль 9, 2018 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ ! Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПОЙТАХТ — СИМОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном
ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳомоти хоса дорад