Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ 5 медал ба даст оварданд

Июль 31, 2018 11:55

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 29 июли соли равон  дар шаҳри Лисабони Ҷумҳурии Португалия 49-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика (49th IPhO 2018) баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон 5 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар олимпиада зиёда аз 400 нафар довталаб аз 90 давлати дунё иштирок карданд.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар ҷамъбаст хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Сабина Абдураҳмонова, хонандаи синфи 9-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе Далер Пиров сазовори ҷойи дуюм ва хонандаи синфи 10-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ»  дар шаҳри Душанбе Фараҳманд Ҳасанов сазовори ҷойи сеюм гардида, Парчами Тоҷикистонро  дар байни 90 давлати дунё баланд бардоштанд.

Инчунин,  аз 19 то 29 июли соли равон  дар Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Чехия  50-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ (50th IChO 2018) аз фанни химия баргузор гардид, ки  дар он   280 нафар довталаб зиёда аз 70 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар ин   Олимпиада хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри  Душанбе Иномҷон Маҷидов ва хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ноҳияи Спитамен Аҳрор Исмолӣ сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Дар маҷмӯъ, хонандагони тоҷик ин навбат ба кишвар 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ)  оварданд.  Бояд гуфт, ки чунин пирӯзӣ миёни довталабони зиёди 90 кишвар ва тобоварӣ дар рақобат далели равшани вусъати ҳаракати олимпӣ, зиёд шудани таваҷҷуҳи хонандандагон ба илмомӯзӣ ва натиҷаи робитаи устувори мактаб ва оила мебошад.

Бояд гуфт, ки аз аввали соли 2018 хонандагони кишвар дар 16 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 206 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 73 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ гардиданд.

Июль 31, 2018 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад