Ифтитоҳи “Боғи кӯдакон” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Июль 3, 2018 08:35

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди Боғи кӯдакон ва таъмири асосии бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб карда шуданд.

Боғи кӯдакон дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шуд.

Амфитеатри тобистона” дар тарҳ шакли нимдавра дошта, масоҳаташ 680 метри мураббаъ мебошад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Дар даромадгоҳи асосии боғ дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудаанд. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳ фаввораҳои чароғон сохта шудаанд.

Мизи шоҳмот, ки дар як гӯшаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад.

Дар даромадгоҳи бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ду пергола ҷойгир карда шудааст, ки шакли арка дошта, бо равшаннамоии ҳархела хизмат мерасонанд.

Дар қисми шимолу шарқии боғ таввақуфгоҳ барои 60 адад мошин пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераҳои муосири мушоҳидавӣ насб карда шудаанд.

Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудаанд.

Равшаннамоии боғ аз зеристгоҳи барқии мавҷуда бо насб намудани чароғакҳои равшандиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор бо равшандиҳии рангоранг ва чароғакҳои ороишӣ барои равшаннамоии дарахтон ва биноҳо ба анҷом расонида шудааст.

Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шудаанд, аз ҷумла, береза, кипарис, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи “Вуди”, соснаи одӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел.

Дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудаанд.
Инчунин 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидаанд. Аз ҷумла, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳаллоҷӣ, атраксионҳо, бозичаҳои худҳаракаткунанда, хоначаи чӯбин, роҳи оҳан, пули занҷирӣ, дучархаҳо ва асбобҳои махсус барои машқ.

Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва акнун кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароити муҳайёшуда баҳрабардорӣ карда, олами худро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин созанд.

Мавриди зикр аст, ки дар вақти навсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Бо ҳамаи шароити истироҳату фароғате, ки дар ин ҷо муҳайё шудааст, Боғи кӯдакон ба як дунёи дар ҳақиқат рангини афсонавӣ мубаддал гардид, зеро қариб дар ҳама ҷойҳои ин маркази фарҳангӣ ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвоноти гуногун гузошта шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои анҷомёфта ва ободонии ҳудуди боғ баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонидани ин боғ талош варзанд.

Ифтитоҳи “Боғи кӯдакон” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 03.07.2018

Июль 3, 2018 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Норвегия Хокон VIII барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Чандра Паудел барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд