Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона”

Июль 6, 2018 14:04

ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6 июли соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” иштирок карданд.

Дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” Сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати 20 — умин солгарди ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахт ва ифтитоҳи “Маркази байналмилалии молиявии Остона” табрик гуфта, ба давлат ва халқи ин кишвари дӯст шукуфоию пешрафт орзу намуданд.

Ташкили Маркази байналмилалии молиявӣ дар Остона, қадами муҳим барои таҳияи механизмҳои пешрафтаи таъмини молиявии рушди минтақавӣ мебошад. Таъсиси Марказ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати рушду пешрафти иқтисодиёти кишварҳои минтақа, муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар ояндаи наздик марказ метавонад ҳамчун як инфрасохтори муҳимму воқеии молиявӣ барои рушду пешрафти кишварҳои минтақа саҳми муносиб гузорад.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи “Маркази байналмилалии молиявии Остона” 06.07.2018

Июль 6, 2018 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд