Маҳмадсаид Зувайдзода: «То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои пойтахт — шаҳри Душанбе куллан дигаргун мешавад»

Июль 27, 2018 11:05

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Аз ибтидои сол то имрӯз аз ҷониби вазорату идора, ташкилоту муассиса ва соҳибкорони алоҳида дар пойтахт 72  майдончаи  варзишӣ ва 3 боғу гулгашт бунёд гардид.  Бо мақсади ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори  шаҳр  дар 17 иншооти роҳсозӣ ба дарозии 29 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ ба дарозии 4 километр корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти дигар дар масофаи 9 километр ва дар масоҳати 134 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд»,- чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода.

Маҳмадсаид Зувайдзода ҳамчунин иброз дошт, ки  то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои пойтахт – шаҳри Душанбе куллан дигаргун мешавад. Дар ин муддат дар пойтахт тамоми симчӯбҳо иваз гардида, роҳҳо таъмиру навсозӣ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмиру навсозии роҳҳои пойтахт  270 миллион сомонӣ ҷудо намудааст. Баъди анҷоми таъмири асосӣ дар хиёбону кӯчаҳои марказии шаҳр ин иқдом дар дигари  кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр  роҳандозӣ  мегардад.

Ҳамчунин то ҷашни мазкур  дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт сохтмони майдончаҳои варзишӣ, гулгашту боғҳои  замонавӣ, таваққуфгоҳҳои  аз 1 то 4-сатҳа  барои   нигоҳдории нақлиёт, мактабу боғчаҳои бачагона, меҳмонхонаву биноҳои баландошёнаи истиқоматии мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ  ба нақша гирифта шудааст.

М. Зувайдзода аз намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки дар тарғиби риояи одоби шаҳрнишинӣ ва  тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки  таъриху фарҳанги миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, мусоидат намуда, ҳамкориро дар ин самт бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳким бахшанд.

М. Зувайдзода ба саволҳои хабарнигорон  дар бораи хизматрасонии  нақлиёти мусофиркашонӣ, партовкашонӣ,  таъмин бо оби нӯшокӣ, вазъи санитариву эпидемологӣ    ва дигар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии  пойтахт посух дод.

Июль 27, 2018 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад