Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Июль 24, 2018 13:36

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолони пойтахт машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии созандагию бунёдкории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим бояд аз пештара бештар тақвият дода шаванд.

Оид ба тадбирҳои ободонию созандагӣ ва рафти омодагиҳои пойтахти мамлакат ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат-роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии пойтахти ҷумҳурӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Азим Иброҳим ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тозаистиқлол тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида, барои ба марҳалаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоии расонидани пойтахт заминаҳои созгор фароҳам овардааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои ободонию созандагиро дар пойтахти мамлакат давоми наздик ба ду соли охир қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки новобаста ба ин натиҷаҳо бояд тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе то рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кори муназзами иншооти энергетикӣ, хусусан таъмини пайвастаи аҳолии шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаҳои саноат, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, беҳдошти ҳолати иншооти роҳу нақлиёт, обрасонӣ, хизматрасонии коммуналӣ, бозорҳо ва савдо, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди бештари иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишию солимгардонӣ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад,- изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар масъулони дахлдор дастур доданд, ки барои ислоҳот ва навсозии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани вазъи муассисаҳои тандурустии пойтахт, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва хизматрасонии тиббӣ, беҳдошти вазъи санитариву эпидемиологӣ ва дар маҷмӯъ таъмини зиндагии шоистаи сокинони пойтахт ва ба шаҳри пешрафтаву муосир табдил додани он тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин барои баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо экстремизм ва терроризм алоқаманд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҳолатҳо дода шуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бояд ҳамкориро бо сохтору мақомот ва соҳибкорони хориҷӣ доир ба таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ тақвият бахшида, фаъолияти худро барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ҷоннок намояд.

Дар ин робита аз соҳибкорони бонангу номуси шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти муосиргардонии шаҳри Душанбе ва омодасозии пойтахти мамлакат ба чорабиниҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ ва ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ фаъол бошанд ва саҳми арзандаи худро дар ободии пойтахти давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.

Аз роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир ба таҳия ва татбиқи нақшаи бунёдкориву ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ талаб карда шуд, ки иҷрои босифати корҳоро таъмин намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои олии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе, алалхусус, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини аҷдодӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Машварати корӣ 24.07.2018

Июль 24, 2018 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”