МУЖДА БА ДӮСТДОРОНИ КОНКӢ: баъди навсозӣ дар боғи «Дӯстии халқҳо» майдони замонавӣ барои ин навъи бозӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 27–солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе иншооти зиёд мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Яке аз ин иншооти ҷашнӣ — Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» мебошад, ки дар арафаи ин ҷашни фархунда дари худро ба рӯи сокинону меҳмонони пойтахт боз мекунад ва он беҳтарин туҳфаи идона барои истироҳату фароғати мардум мебошад. Баъди навсозӣ дар ин чорбоғ дар масоҳати зиёд майдон барои бозӣ бо конкии чархдор ва дигар намуди бозиҳои ба ин монанди бачагона бунёд гардидааст.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошанд, боғи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулину фаъолони пойтахт, ки 15 феврали соли 2017 доир гардида буд, навсозӣ шуда, алҳол корҳои бунёдию ободонии он дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Тибқи иттилои масъулин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017 навсозӣ ва таҷдиди боғи мазкур дар масоҳати 24 гектар ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вогузор гардида, ҳар як минтақаи сохтмонии он ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида вобаста карда шудааст.
«Боғи «Дӯстии халқҳо» яке аз марказҳои калони фарҳангӣ-фароғатии шаҳр маҳсуб шуда, лоиҳакашон ва масъулини корҳои бунёдкорӣ бо назардошти ҷойгиршавии маҳалли иншоот ва шумораи аҳолӣ лоиҳаи навсозӣ ва ободкории чорбоғро тарҳрезӣ намудаанд.
Бояд гуфт, ки тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулин зимни навсозии боғ, хусусан роҳравҳои замонавӣ аз масолеҳи сохтмонии ба гармову сармо тобовар истифода бурда, ба чароғонкунии дохил ва атрофи боғ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Кормандони Боғи «Дӯстии халқҳо» низ дар қатори сохтмончиён ба корҳои ободонии боғ машғул буда, талош доранд хизматрасониро дар боғ дар сатҳи олӣ ба роҳ монанд. Ҳамзамон истироҳати бофароғати сокинон ва меҳмонони пойтахтро дар ин макони фарҳангӣ таъмин намоянд.
Дар боғи мазкур чойхонаву тарабхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бо усули меъмории ба миллати мо хос ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд гардида, арғунчакҳои замонавии барои бачаҳо шавқовар насб гардидаанд. Дар ин ҷо махсусан майдони зебои конкибозӣ сохта шудааст.
Итминон дорем, ки ин боғ мисли боғҳои дигарамон ба макони писандида ва дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил меёбад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»


















Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






