Нашриёти «Истеъдод» бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ нашри 4 китобро ба нақша гирифтааст
ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар арафаи ин ё он ҷашни муҳими миллиамон, аз ҷумла, Истиқолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ китобҳои наве ба нашр расонида мешаванд, ки барои хонандагон муассир арзёбӣ мегарданд. Мухбири АМИТ «Ховар» оид ба омодагӣ ва нашри китобҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо директори нашриёти «Истеъдод» Абдуфаттоҳ Мираҳмадов ҳамсуҳбат шуд.
Абдуфаттоҳ Мираҳмадов зимни суҳбат гуфт, ки нашриёти «Истеъдод» бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон нашри 4 китобро ба нақша гирифтааст. Дар айни ҳол якчанд китобҳо барои нашр фиристода шудаанд, баъзеи дигарашон дар арафаи таҳриру саҳифабандӣ қарор доранд, ки яке аз онҳо китоби «Меъмори истиқлол» аст.
«Ин китоб бо теъдоди 500 нусха нашр мешавад. Он аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон омодаи нашр гардида, дар он асарҳои композиторон ҷой дода шудаанд. Китоб дар рӯзҳои таҷлили истиқлолияти Тоҷикистон нашр мешавад. Дар он беҳтарин асарҳо доир ба Ваҳдат, Истиқлолият, Пешвои миллат гирдоварӣ шудаанд»,-илова намуд номбурда.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, китоби дигаре, ки ба нашр омода шуд, ҷилди 30-юми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» мебошад, ки бо теъдоди 1600 нусха рӯи чоп меояд. Ин китоб аз ҷониби Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омодаи нашр гардида, дар он доир ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат дар мамлакат сухан меравад.
Як китоби дигар бахшида ба 27-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби композитор ва оҳонгсоз Аслиддин Низомӣ таҳти унвони «Таърихи мусиқии тоҷик» бо тағийру иловаҳо нашр мегардад. Дар ин китоб доир ба ҳамаи навъҳои мусиқӣ, аз шашмақом сар карда, то жанрҳои гуногуни санъат далелҳои ҷолиб оварда шудаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, китоби дигар аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» ба нашр расонида мешавад, ки бевосита маҷмӯи мақолаҳоро дар бораи рушди забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолият дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ олимону нависандагон ва аҳли зиёи мамлакат китобҳои зиёдеро ба нашр расонидаанд, ки барои насли наврас муфид арзёбӣ мегарданд.










Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд






