Оғози равуои автобусҳои нави тамғаи ҷопонӣ дар хатсайри №25-и Душанбе
ДУШАНБЕ, 29.07.20218. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 август дар хатсайри рақами 25 аз маҳаллаи аҳолинишини «Зарафшон»-и пойтахт то бозори «Меҳргон» автобусҳои нав ба равуо оғоз мекунанд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ду рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети худ аз Туркия боз 100 адад автобуси тамғаи ISUZU харидааст. Соли гузашта 140 адад чунин тамғаи автобусҳо харидорӣ шуда буд.
ISUZU – номи ширкати автомобилбарории Ҷопон мебошад, ки автобусҳои мусофирбар истеҳсол мекунад.
Муовини аввали Раиси пойтахт зикр кард, ки дар Душанбе ба сурати умум беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба шаҳрвандон хизматрасонӣ мекунанд, ки наздик ба 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.
«Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёт қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд. Бо туфайли ба тавозуни мо ворид гардидани автобусҳои ISUZU ва AKIA, корхонаҳои коммуналии шаҳр ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳбуд мебахшанд», — иброз дошт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки нахустин автобусҳои ин тамға моҳи апрели соли гузашта ба Душанбе оварда шуданд. Баъди оғози ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо, микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и чанде аз хатсайрҳо аз фаъолият бозмонданд.









«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






