Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун»
ДУШАНБЕ, 26.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд шабонарӯзӣ идома доранд, шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
Шиносоии Сарвари давлат нахуст аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб меравад, оғоз гардид.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар вақти сохтмони марҳилаи аввали сарбанд баробари иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ гардид.
Тибқи иттилои масъулон, то ба имрӯз дар сарбанди неругоҳ 48 адад асбоби санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб ва дар асоси лоиҳа беш аз 45 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки ҳамчун маводи зиддиполоишӣ асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, истифода гардидааст.
Геомембрана дар қисмати пеши сарбанд қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводи зиддиполоишӣ насб гардида, ба гуфти масъулони сохтмон, амалӣ намудани ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарони муҳандисию техникии НБО «Роғун»-ро ҳидоят карданд, ки ҳар амали сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад, зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии неругоҳ ба ҳисоб рафта, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи сарбанди НБО «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хати конвейрӣ иштирок намуданд.
Бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла, сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати «Салини Импреҷило» сурат гирифта, ҳоло 4 ҳазору 200 метрро ташкил медиҳад. Корҳои заминӣ ва оҳану бетониро дар ин минтақа мутахассисони ширкати сохтмонии «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба анҷом расонида, васлу насби таҷҳизот аз ҷониби ду ширкати хориҷӣ амалӣ карда шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти хати конвейрӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия, Франсия ва Германия мебошанд, дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро доранд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бе харҷи зиёдатӣ ва сарфи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки барои бунёди сарбанд ва дигар иншооти неругоҳ беш аз 50 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсҳои кӯҳӣ захира карда шудаанд ва имрӯзҳо дар ин самт бо истифода аз техникаю механизмҳои замонавӣ корҳо бо суръат идома доранд.
Дар саргаҳи хати конвейрӣ ҳамзамон ду коргоҳи коркарди маводи шағалзамин сохта шудаанд, ки вобаста ба зурурат тариқи автоматӣ ҳама гуна ҷинсҳои кӯҳиро барои истифода дар сарбанд мутобиқ месозанд.
Бо бунёди марҳилаи дуюм масофаи хати конвейрӣ маҷмӯан ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд.
Воқеан, коргарони муҳандисию техникии НБО «Роғун» ҳар амали сохтмониро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро мекунанд. Зеро ҷараёни сохтмони Неругоҳ таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин омил асоси босифат ва мувофиқи нақша пеш рафтани корҳои сохтмонӣ мебошад.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор шуд
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд






