Паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар Ҷоми Осиё ба Ҳонконг сафар карданд

Июль 11, 2018 16:15

ДУШАНБЕ,11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар ҳайати ҳафт нафар ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Осиё ба шаҳри Ҳонконг сафар кард.

Тавре котиби генералии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Шамсия Саидова  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, рӯзҳои 13-15 июл дар  шаҳри  Ҳонконг  Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад. Дар мусобиқа миёни наврасон 133 варзишгар (84 писар, 49 духтар) аз 27 давлати қора иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа  4 нафар варзишгар: Сулаймони Ҷамшед  дар вазни -60 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг, Фаридун  Холиқов дар вазни -81 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни  -90 кг намояндагӣ мекунанд

Ёдовар мешавем, ки  варзишгарони наврас барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки моҳи октябри имсол дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина доир мешавад, соҳиби имтиёз мегарданд.

Июль 11, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад