ПАРДАИ ШАРМ АЗ МИЁН БАРДОШТАНД… Дар ҳошияи ҳамоиши наҳзатиён дар шаҳри Дортмунд

Июль 17, 2018 17:20

ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. Тавре медонем, чанде пеш дар шаҳри Дортмунди Германия як гурӯҳ наҳзатиён ба ном ҳамоиш карда, гӯё аз солгарди сулҳу ваҳдат сухан гуфтаанд, ҳол он ки онҳо маҳз бо ҳамин дастовардҳои беназири миллат ва Давлати Тоҷикистон мушкил доранд. Дар ин бора мулоҳизаҳои як нафар хонандаи фаъоли мо пешниҳод мешавад.

Имрӯз якчанд беору номус ва хоину ватанфурӯш, ки аз тарси ҷавобгарии ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар  фирор карда, хиёнатҳои худро ба халқу Ватан бо кумаки хоҷагони хориҷиашон таҳти пӯшишҳои сиёсиву мухолифи давлат буданҳо пинҳон намудаанд ва дар тамоми ҷаҳон фаъолияти тахрибкоронаашонро «ҳимояи арзишҳои демукросӣ» муаррифӣ кардан мехоҳанд, дар охир чун диданд макру фиребашон асар накард ва дар ин роҳи бадкорӣ ноком шуданд, ба ҷойи аз халқу давлат пӯзиш пурсидан даст ба туҳмату таҳрифкорӣ задаанд.

Масалан, ҳамоише, ки гурӯҳаке аз хоинони наҳзатӣ чанд рӯз пеш дар шаҳри Дортмунди Германия ташкил карданду  гӯй аз солгарди сулҳу ваҳдат ҳарф заданд, пур аз таҳрифу таҳқири ҳам милат ва ҳам таърих буд. Дар ин ҳамоиш наҳзатиён пардаи шарму ҳаёро пурра аз рӯи худ канда, дур андохтанду чӣ қадаре тавонистанд дурӯғ гуфтанду фитна пароканданд.

Тавре Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи ин гуна ашхоси  замони худ фармудааст:

Баҳри савдое, ки дар сар доштанд,
Пардаи шарм аз миён бардоштанд…

Ин ҳам дар ҳолест, ки ин тоифа бо амалҳои хоинонаашон худ сазовори ҳама гуна таҳқир ҳастанд! Туҳмате, ки онҳо дар баромадҳояшон гуфтанду дар сомонаашон нашр карданд, камоли беҳаёӣ ва бетамизиҳояшонро аз суханашон ифшо месозад. Доду вой бардоштаанд, ки кадом як Кабирии бадбахтро намояндаи Тоҷикистон пайгирӣ мекардааст ва далелашон ҳам боиси шармандагии худашон гардид. Кабирӣ ва ҳаммаслокони гумроҳи наҳзатияш дар ин нишаст ҷор заданд, ки «аз сулҳ нишоне намондааст!».

Чунин бархурд маънои онро дорад, ки ин бадбахтон дар орзуи ҷанг дар Тоҷикистонанд. Вагарна дар Тоҷикистон касе бо касе сари ҷанг надорад. Хушбахтона, он ҷангхоҳону бадхоҳон, ки солҳои навадум Тоҷикистонро ба сарҳади нестӣ расонида, миллати тоҷикро ба  вартаи нобудӣ бурда буданд, соли 2015 таи як кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Ин гумроҳгаштагон бояд донанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон дигар масъалаи ҷангу сулҳ матраҳ нест!

Масъалае, ки имрӯз дар Тоҷикистон матраҳ аст, ин созандагиву ободонии Ватан аст, ободиву осудагӣ ва суботу ҳамдилист, ки наҳзатиён ҳеҷ этироф карда наметавонанд ва аз ин мавзӯъ мисли шайтон аз бисмиллоҳ мегурезанд.

 

 Рӯҳи Манделаро наёзоред!

Кабирӣ бешармона наҳзатиёни хоин ва бо ишораи пинҳон худашро ба Нелсон Мандела қиёс мекунад. Ҳол он ки агар ба ҳолномаи ин ходими сиёсии африқоӣ шинос шавем ва ба вазъи кунунии давлати Африқои ҷанубӣ назар кунем, на шароиташ ва на бархӯрдҳои сиёсиаш ба шароити имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқат намекунад. Нелсон Мандела ва ҳазорҳо ҳаммаслаконаш барои озод кардани Ватанаш аз хориҷиёну бегонагон мубориза бурда буд. Аммо ин хоинони наҳзатӣ чӣ кор карданд?! Баръакси Мандела, дар хизмати хоҷагони хориҷӣ истода, хостанд бо қувваи бегонагон ва маблағҳои охундҳои аҷнабӣ Тоҷикистонро тасарруф  ва  миллатро ғуломи бегонаҳо созанд. Мандела аслан ба муқобили наҳзатимаобони ватани худаш мубориза бурдааст!

Ба қавли мардум, шайтонгарӣ ҳам ҳадду ҳудуд дорад, аммо маълум шуд, ки на барои наҳзатиён. Барои Кабирӣ, ки устоди илми дурӯғ ва тақияҳои сиёсӣ гаштааст, сарҳади дурӯғ васеътар аз ҳадди тасаввур мебошад. Агар наҳзатиён каме инсофу адолат медоштанд, лоақал рӯҳи Манделаи африқоиро намеозурданд.

 

Наҳзатиён на бо як нафар, балки бо истиқлолияти Тоҷикистон ва озодии миллати тоҷик мушкил доранд

Воқеан, дар ин нишаст паҳлуи дигари дурӯғафканиву фитнапарокании наҳзатиён рӯи об баромад. Ҳарчанд Кабирӣ кӯшиш мекунад худро сиёсатмадори навовар нишон диҳад, аммо беҳунарияш боис гардид, ки хоҷагони охундашон роҳбарии наҳзатиёнро аз пушти парда ҳам бошад, мустақиман ба зимма гиранд. Имрӯз охундҳо  онҳоро маҷбур карданд ба стратегияи солҳои навадум баргарданд. Яъне мақсади асосиро пинҳон карда, дар зоҳир бо ҳар гуна ваъдаву ваидҳо нафарони сустиродаро гумроҳ созанд. Яъне боз сар мешавад тақияву тақиябозиҳои сиёсӣ, ки танҳо хоси охундҳост ва дигар тамоми равияҳои ташаюн ба чунин тақиябозиҳо нафрат доранд.

Мазмуни тақияи сиёсӣ- ин гуфтани сухани дурӯғи ростнамо ба мақсади ба даст овардани имтиёзи сиёсӣ ва гумроҳ кардани оммаи мардум аст. Онҳо ба стратегияи солҳои навадум маҳз аз ҳамин роҳ ворид гашта истодаанд. Манзур ин аст, ки Кабирӣ мегӯяд мо дар Тоҷикистон ба як кас мушкил дорем ва оғӯшамон ба рӯи дигарон боз аст. Ин айнан мисли гуфтаҳои Нурӣ дар солҳои навадум аст, ки мегуфт мо бо Маҳкамов мушкил дорем, на бо халқу ҳукумат. Аммо баъди ба истеъфо рафтани Қаҳҳор Маҳкамов мушкилоти Нурӣ тамом нашуд. Чунки лаҷомаш дар дасти хориҷиён буд. Баъдан мегуфт мо бо Набиев мушкил дорем, Набиев ҳам рафт, аммо мушкили наҳзатиён ҳеҷ не, ки ҳал шавад. Ҳатто ҳукумати парлумонӣ ҳам мушкили наҳзатиёнро ҳал карда натавонист. Чунки мушкили онҳо бо озодии миллати тоҷик буд.

Хоҷагони хориҷиашон мехостанд бо дасти наҳзатиён бо суиистифода аз бовариҳои динии мардум миллати тоҷикро дубора ғулом кунанд. Даъвати имрӯзаи наҳзатиён аз олимону равшанфикрон низ аз даъватҳои солҳои навадумашон ҳеҷ фарқ намекунад. Аммо олимону равшанфикрони муосири тоҷик аз таҷрибаи Тоҳири Абдуҷаббор, ки билохира ба наҳзатиёни ба қавли худаш «падарсӯхта» лаънат гуфту рӯ ба давлату ҳукумати конститутсионӣ овард, ибрат гирифтаанд.

Адибони мо  аз рӯзгори шоири забардасти мо  Бозор Собир, ки замоне бо шеър таблиғашон мекарду билохира тинати нопокашонро дарк карда, бо шеър ба  рӯи чунин «таккаришон» (сухани шоир)  туф кард, панди зиндагӣ бардоштанд. Аз рӯзгори сиёсатмадорон ва  адибонудонишмандоне, ки солҳои навадум ва  баъдҳо борҳо фиреби наҳзатиёнро хӯрдаанд,  садҳо мисолҳо овардан мумкин аст, ки ин мавзӯи дигар аст ва мо ҳатман ба он бармегардем.

Мушкили Кабирӣ ҳам аз ҳамин мушкилиҳост. То миллати тоҷикро ғулом ва Тоҷикистонро дастнигари бегонагон накунад, мушкилаш ҳал намешавад. Мақсади Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиаш   чун дар  Ироқу Ливия зӯран аз байн бурдани истиқлолияти воқеӣ ва ҳукумати конститутсионӣ мебошад, ки ягон равшанфикру ватандӯст ба ин нақшаи хоинонаи наҳзатиён розӣ шуда наметавонад.

 

Аз биҳишт фирор намекунанд, вале…

Наҳзатиён, ки тавре дар боло гуфтем, пардаи шарму ҳаёро аз рӯ афкандаанд, ба хотири худро ҳақ нишон додан бо воқеиятҳо бозӣ кардан мехоҳанд. Принсипи корашон ин аст–нодида гирифтану хомӯш истодан дар баробари пешравиҳои Тоҷикистон ва бузург нишон додани ҳатто кӯчактарин камбудиҳои дар ҷомеа бавуҷудомада. Аммо тавре дида истодаем, сол аз сол майдони камбудиёбиашон танг гашта истодааст ва аслан сари, ба қавли худашон, «маҳбусони сиёсӣ» мутамарказ шудаанд. Ин чӣ маъно дорад?

Ин вазъ маънои онро дорад, ки ҳама он мушкилоте, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳои дароз сабаби азияти мардум гардид ва забони наҳзатиёну хоҷагонашонро ба танқиди давлату ҳукумат дароз кард, маҳз аз наҳсии худи наҳзатиён ба вуҷуд омада буданд. Маҳз ҳамон хиёнатҳои «муборизин»-и наҳзатӣ ба давлату миллат буд, ки Тоҷикистон муддате аз роҳи рушд берун монд. Маҳз дар лаҳзаҳои ҳассоси давлатсозӣ ба тафриқаандозӣ шурӯъ кардани наҳзтиён боис гардид, ки кишвар аз ҳама ҷиҳат қафо монд. Маҳз фитнаангезиву ҷангандозӣ ва аз охундҳои аҷнабӣ  яроқ гирифта, аз хориҷи кишвар, яъне Афғонистон ба Тоҷикистон ҳуҷум кардани наҳзатиён буд, ки ҳазорҳо донишмандону олимон кушта ва ё аз ватан берун шуданд, миллионҳо тоҷик куштаву миллионҳои дигар бесарпаноҳ монданд… Аммо ин наҳзатиҳои ҳаёгумкарда қодиранд гуноҳҳои шайтонии худро ба сари давлату ҳукумат ва агар лозим шавад, ба сари малоикаҳо ҳам бор кунанд.

Дар мавриди «маҳбусони сиёсӣ» бояд гуфт, ки ин ибораи бофта ба хотири худсафедкунии ҷинояткорон ҳангоми муборизаҳои сиёсист. Дар тамоми дунё чунин маҳбусон, новобаста аз вазнинии ҷиноят кӯшиш мекунанд худашонро зери ҳамин ибора сафед нишон диҳанд. Наҳзатиҳои пурмакру фанд низ дар ин миён истисно нестанд ва кӯшиш доранд террористонро «маҳбуси сиёсӣ» талаққӣ диҳанд. Дар асл маҳз дар маҳбас будани ин хоинону террористон  омили асосии амнияту субот дар кишвар аст.

Наҳзатиён дар баромадҳояшон дуруст гуфтанд, ки касе аз биҳишт фирор намекунад. Аммо нагуфтанд, ки биҳишт барои шайтонпарастон нест! Аз Тоҷикистон ҳам касе фирор накардааст, ба ҷуз аз шайтонсиратони бегонапараст. Биҳишт на барои хоинону ёғиён аст! Тоҷикистони биҳиштосо барои ҳамаи онҳоест, ки нияти пок, дасти созанда, чашми некбин, андешаи бунёдкорона ва дили пур аз меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамдигар доранд. На барои наҳзатиёни ҷангҷӯву ситамгар, ки то ҳанӯз хуни миллати тоҷик аз гарданашон шуста нашуда, боз дар фикри хунрезианд!

 

Халқи тоҷик ба наҳзатиён нафрат дорад

Бо назардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин гурӯҳҳои ифротӣ сокинони Тоҷикистонро фирефта карда наметавонанд. Чанд ҷавони бетаҷриба ҳам, ки онҳоро   гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гумроҳ кардаанд, бовар дорем, аз чунин ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардану ҳамчун ҳайвон зери бори занҷири бегонагон мурдан садҳо бор безор шудаанд.

Ин тангназарон ҳеҷ корҳои ободонӣ ва рушду пешрафтро дида наметавонанд. Ҷасорати мардӣ надоранд, то иқрор шаванд, ки ҷавонмарде тавонист халқи тоҷикро аз фалокат ва фоҷиаи ҷанги даҳшатбори солҳои навадум бароварда, ба чунин рӯзҳои нек расонад!       Аз фоҷиае, ки маҳз аз наҳсии наҳзатиҳо ба сари Тоҷикистон омада буд.

Халқи тоҷик ба наҳзатиёни хоину ватанфурӯш нафрат дорад.

Дар зимн, он туҳмату таҳқире, ки ин тоифа дар Дортмунди Германия бо маслиҳати хоҷагонашон нисбат ба халқу миллати тоҷик кардаанд, нобахшиданист ва оқибат ба сазои амалҳои нопокашон хоҳанд расид. Мо миллати тавоноем!

 

Орзу ҲАМИДИЁН,
роҳбари  намояндагии
ТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар вилояти Хатлон

Июль 17, 2018 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст