РИОЯИ ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ. Бо амалҳои сазовор собит созем, ки шаҳри ормонҳои миллат – Душанберо дӯст медорем!
«Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад».
Эмомалӣ РАҲМОН
ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои ободониро вусъат дода, барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани пойтахти мамлакат пайваста саъю талош менамояд.
Имрӯзҳо бунёди даҳҳо боғу гулгаштҳои сабзу гулпӯш, марказҳои нави фарҳангию фароғатӣ ва садҳо майдончаю маҷмааҳои варзишию истироҳатии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ барои наврасону ҷавонон самари заҳмату талошҳо маҳсуб мешавад.
Боиси тааассуф аст, ки баъзе аз сокинони шаҳр ба ҷои саҳм гузоштан дар ин созандагию ободкориҳои пойтахт, эҳтиром намудани заҳмати шабонарӯзӣ ва сангини дигарон нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ карда, ба қадри ин ҳама корҳои созандагӣ намерасанд. Ин ашхос дар иҷрои одитарин амал, ки барои он масъулияти шаҳрвандӣ доранд, беэътиноӣ зоҳир менамоянд.
Яке аз одатҳои хубу азалии мардуми тоҷик тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, даҳлезу роҳравҳо ва атрофи бинои истиқоматӣ мебошад. Тоҷикон аз қадим суннате доранд, ки субҳро аз тозаву озода гардонидани атрофи манзили истиқоматӣ ва назди дарвозаи хеш оғоз менамоянд.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт даҳлезу роҳравҳо ва атрофи биноҳои истиқоматӣ он қадар ифлосанд, ки аз диданашон таъби кас хира мегардад. Кас ҳайрон мешавад, ки баъзе занҳои хонанишин, ки рӯзи дароз дар назди ин биноҳо нишаста, соатҳо бо якдигар суҳбат мекунанд, ин ҳолатро намедида бошанд? Ё дарк намекунанд, ки дар чунин муҳити ифлос бозӣ кардани кӯдакон сабаби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор гардидани онҳо мегардад? Ҳол он ки барои тозаву озода гардонидани ин макон ба таври дастҷамъона ҳамагӣ 20-30 дақиқа вақти онҳо сарф хоҳад шуд.
«Агар ба баъзе аз ин занҳо гӯӣ, ки биё даҳлез ё роҳравро тоза кунем, ё пурсӣ, ки чаро макони шумо ин қадар ифлосу чиркин асту онро тоза намекунед, дарҳол ҷавоби тайёр доранд- «ман фаррош» нестам. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки тозагӣ кори фақат фаррош ё як нафар роҳрӯб нест. Онҳо ҳатто намедонанд, ки барои тозагии даҳлез, роҳрав ва атрофи манзили истиқоматиашон онҳо масъулият доранд. Агар тозагиро ҳама баробар риоя накунанд, он гоҳ онро ба ивази меҳнати шабонарӯзӣ ҳам ба даст овардан ғайриимкон аст. Ин занҳо ақаллан амали ношоистаи кӯдаконашонро, ки ба вайронкуниву ифлосшавии атроф ва ҷойҳои ҷамъиятӣ машғуланд, пешгирӣ мекарданд, бисёр хуб мешуд», — мегӯяд сокини кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт Низорамоҳ Тағоева.
Дар ин бора сокини маҳаллаи «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансур Замира Бобоева изҳори андеша намуда, аз ҷумла, гуфт, ки баъзе занҳои мо ҳатто кӯдакони хурдсоли худро дар кӯча рӯзи дароз беназорат гузошта, ба тамошои сериалҳои туркиву ҳиндӣ машғуланд.
«Албатта, кӯдак, ки рӯзи дароз дар кӯча беназорат монд, ба оварагардию бекорӣ машғул гашт, ҳатман ба ягон амали ношоиста даст мезанад. Ё бо ягон кӯдаки дигар ҷангу чанҷол мекунад, ё ягон навдаи дарахт ва ё дигар моликияти ҷамъиятиро шикаста, корношоям мегардонад. Худое накарда, ба ин гуна модарон оид ба рафтори ноқобили фарзандонашон эрод гирӣ, дар бало мемонӣ. Онҳо ҳатто ба гапи раисони маҳаллаву биноҳо гӯш намекунанд», — зикр кард номбурда дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.
Воқеан ҳам имрӯзҳо ҳолатҳои зиёди ифлос кардани кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳо, халал расондан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дағалию бадмуомилагӣ дар нақлиёти мусофирбар ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ, шикастану вайрон кардани таҷҳизоти иншооти навбунёди варзишӣ ба назар мерасанд.
Тавре мушоҳида мегардад, баъзе сокинони пойтахт ба рафтори ношоистаи фарзандонашон, ки аз ҷумла, ба поймол намудани майсазор, гулу буттаҳо, шикастани дарахтон, корношоям гардонидани молу ашёи ҷамъиятӣ ва ифлос намудани атрофи биноҳои истиқоматӣ даст мезананд, муносибати бепарвоёна доранд.
Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар пойтахт барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гурӯҳи таблиғотӣ ташкил карда шудааст.
«Ин гурӯҳи корӣ маҳз барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта таъсис ёфт. Аъзои гурӯҳ бо роҳи баргузор намудани вохӯриҳои омӯзишӣ дар байни сокинони пойтахт моҳияти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароиро миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳанд», — афзуд А. Ҳакимзода.
Бобати баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2000 МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ қабул гардидааст, ки он хусусияти тавсиявӣ дорад. Хамчунин «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе», ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, ин соҳаро танзим менамоянд.
Қоидаҳои мазкур таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян менамоянд. Асосҳои ҳуқуқии онро Конститутсияи ҷумҳурӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Дар санади мазкур омадааст, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор масъулият ва уҳдадорӣ маҳсуб мешавад.
Шахсоне, ки тартиби муқарраршудаи ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, роҳпаймоиҳоро дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе, ҳамчунин тартиби муқаррарнамудаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон мекунанд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан, инчунин аз соати 23:00 то 6:00 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва истифодаи таҷҳизоти садотақвиятдиҳанда, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъият мегарданд, манъ аст.
Мувофиқи нишондоди боби сеюми «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» шаҳрвандон вазифадоранд, қоидаҳои нигаҳдошти хонаҳои истиқоматӣ, минтақаҳои атрофи бино, зидди сӯхтор, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумро таъмин ва ба таҷҳизоти техникӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.
Ҳамчунин таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои ба ин мақсад таъйиннагардида, бунёд ва гузоштани гаражҳо барои мошинҳои шахсӣ бидуни қарори Раиси шаҳри Душанбе ва насби радиошунавонию карнайҳои радио дар биноҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва кӯчаву шоҳроҳҳо мамнӯъ мебошад.
Дар санади мазкур инчунин омадааст, ки сокинон тибқи тарифҳои муқарраргардида пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналиро (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов) анҷом дода, истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд.
Мутаассифона, баъзе сокинон дар пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, ки он ба фаъолияти самараноки сохторҳои марбута халал ворид месозад.
Бояд ёдовар шуд, ки иҳотаи қитъаҳои замин, дар балконҳои хонаҳо овехтани ҳар гуна анҷому либосҳо, худсарона дигар кардани сохти хонаҳои истиқоматӣ манъ аст.
Ҳолати дигаре, ки ҳусни шаҳри моро коста мегардонад, амали ноҷои баъзе истиқоматкунандагони биноҳои дар шоҳроҳҳо воқеъгардида мебошад, ки онҳо либосҳои худро берун аз балконҳо овезон менамоянд. Ин амал хусусан имрӯзҳо, ки пойтахти ҷумҳурии мо — шаҳри Душанбе ба як шаҳри сайёҳӣ табдил ёфта истодааст, пайомади хуб нахоҳад дошт.
Сокини пойтахт будан на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузург дар назди халқу Ватан аст. Аз ин рӯ, биёед, фарҳанги шаҳрнишиниро риоя карда, бо амалҳои сазовор собит созем, ки шаҳри ормонҳои миллат – Душанберо дӯст медорем! Хамагон бикӯшем, ки пойтахти мо, ки пеш аз ҳама, таҷассумгари таърихи фарҳангу миллати куҳанбунёди мост, дар муаррифии миллати тоҷик намунаи ибрат гардад!
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»