Шамсиддин Орумбекзода: «Ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанг Барномаи давлатӣ қабул гардид ва мавриди иҷро қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанг аз ҷониби Вазорати фарҳанг Барномаи давлатии тайёр кардани мутухассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 таҳия гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти вазир, барнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, дар айни замон таҳти иҷро қарор дорад.
Вазири фарҳанг инчунин афзуд, ки ҳамасола теъдоди зиёди квотаҳо барои минтақахои дурдаст ҷудо мегарданд, ки соли равон 439 нафар танҳо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикстон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудаанд. «Норасоии кадрҳо воқеан ҳам ба назар мерасад. Дар ин самт Барномаи «Устод ва шогирд» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаст. Дар айни замон тасмим гирифтем, ки байни мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, Донишкадаҳо ва худи Вазорат шартномаи сетарафа ба имзо расонем ва донишҷӯёне, ки ин муассисаҳоро хатм мекунад, ба ҷои кор таъмин намоем»,- гуфт Шамсиддин Орумбекзода.
Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов курсҳои такмили ихтисос ташкил гардида, мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи фарҳанг омода менамояд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






