Таҳти раёсати Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯро баргузор гардид.
Дар ҷаласа асосан ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи кинематографияи миллӣ дар давраи аз соли 2016 то нимсолаи якуми соли 2018 ҳисоботи Носир Раҳмон — директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», котиби масъули Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ шунида шуд.
Оид ба рафти омодагӣ барои ташкил ва баргузории 8-умин кинофестивали байналмилалии «Дидор», ки рӯзҳои 16 — 20 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов гузориш дода, зикр намуд, ки дар чорабинии мазкур иштироки зиёда аз 20 нафари чеҳраҳои шинохтаи кино бо филмҳои худ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Эрон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо дар назар дошта шудааст.
Аъзои Шӯро вобаста ба масъалаҳои муҳокимашаванда андешаҳои худро ироа карда, барои рушди соҳаи кинои тоҷик таклифҳо пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини Сарвазири ҶТ, раиси Шӯрои ҳукуматӣ оид рушди кинематографияи миллӣ Азим Иброҳим ба аъзоёни Шӯро супоришҳои мушаххас дод. Аъзоёни Шӯро роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади рушди соҳаи кинои тоҷик бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №355 таъсис дода шудааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






