Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба таътили тобистона баромаданд

Июль 3, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 03.07.2018/АМИТ  «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон мувофиқи дастури  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 июл ба таътили тобистона баромаданд. Таътили тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон то 15 август идома ёфта, аз 16 то 30 сентябр онҳо дар кумитаҳо ва комиссияҳои  Маҷлиси намояндагон  фаъолият  менамоянд.

        Бояд тазаккур дод, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, онҳо ба муҳлати панҷ сол тавассути  овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ  интихоб карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки 29 июн Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни гузориш доир ба ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум дар назди вакилон зикр намуд, ки «натиҷаҳои аз кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаҳои Дастгоҳ пешниҳодгашта гувоҳи онанд,  ки  мо тавонистем дар самтҳои асосии фаъолиятамон- қонунгузорӣ, намояндагӣ  ва  робитаҳои байнипарлумонӣ  корҳои муҳимеро ба нафъи давлату миллати хеш ба анҷом расонем».

 

Июль 3, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид