Вазорати фарҳанг, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 26.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 июли соли ҷорӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Вазорати фарҳанг, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 10 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мулоқот мекунад.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб соати 10 дар бинои маъмурии Мақомоти мазкур гузаронида мешавад.
Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг соати 14 дар дар толори ММҶ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.
Нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода соати 9 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода баргузор мегардад.
Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






