ВКХ Тоҷикистон дар робита ба куштори Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола дар шаҳри Серпухово ба ВКХ Россия номаи ёддошт ирсол намуд

Июль 24, 2018 18:59

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия номаи ёддошт фиристода шуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти марбутаи Федератсияи Россия даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.

Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи Россия то анҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади Ҳувайдои хурдсол 23 июл дар шаҳри Серпухови вилояти Москва дар наздикии истгоҳи роҳи оҳан дарёфт карда шуд. Духтарак 22 июл ҳангоми сайру гашт дар саҳни бинои истиқоматӣ, ки дар он оилаи ӯ зиндагӣ мекунад, ғайб зада буд. Субҳи барвақти рӯзи дигар гурӯҳи ҷустуҷӯии ихтиёриён ва кормандони полис бо саги хидматӣ як бастаи варзиширо пайдо намуданд, ки дар он ҷасади тифли ноболиғ буд.

Бино ба иттилои Раёсати кумитаи тафтишотии вилояти Москва, бо гумони содир намудани куштор ва инчунин таҷовуз сокини маҳаллии 28-сола Александр Сёмин боздошт шудааст. Ӯ дар як бино бо оилаи қурбонӣ зиндагӣ мекунад. Дар ҳуҷраи ӯ изи пойафзол ва ангуштони духтарак пайдо карда шуд.

Тибқи хабари «Life Shot», то ҳол бовари падари духтарак Абдусалом Саидов ба ҳодисаи рухдода намеояд. Ҳувайдо дар оила ягона духтар буд. Ба гуфтаи Саидов, ӯ то ҳол ҷасади духтаракро надидааст.

Дар мусоҳиба ба радио «Озодӣ» ӯ гуфт, ки баъд аз гирифтани ҷасади кӯдакаш ба Тоҷикистон бармегарданд.

Дар навбати худ, намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия тамоми кумаки худро ба оилаи духтараки фавтида мерасонад ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро барои фиристодани ҷасад ба Ватан омода мекунад.

Июль 24, 2018 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд