АЗ ИСРОФКОРӢ ХУДДОРӢ МЕКУНЕМ! 21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Иди саиди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусалмонӣ 21 августи соли равон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, қарор қабул намуд.
Тибқи қарори мазкур, 21 август соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мегардад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Шӯрои улламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд, санаи таҷлили иди саиди Қурбон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.
Дар ҷаласа ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дастур дода шуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо- сулҳу оромӣ, хайру кумак ба ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии Тоҷикистон, инчунин худдорӣ намудан аз зиёдаравиҳо дар мавриди оростани дастархони идона сухан кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот анҷом дода, оид ба мавзӯъҳои муҳими глобалии замони муосир сухан карданд.
Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд, ки дар арафаи иду айём, алалхусус, идҳои Рамазону Қурбон баъзе ҳамватанони мо барои оростани дастурхони намоишкоронаи идона аз бозору мағозаҳо маҳсулотро чунон зиёд мехаранд, ки гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад.
«Чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва исроф чизи дигаре нест. Чунин шахсон бояд донанд, ки ба андозаи зарурат муҳайё кардани маводи ғизоӣ, худдорӣ кардан аз исрофкорӣ ва оростани дастурхони камхарҷи маънавӣ барои аҳли хонаводаву хешу табору ҳамсояву дӯстон савобу манфиати зиёд дорад»,-таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АМИТ “Ховар” низ аз сокинони кишвар самимона даъват мекунад, ки ҳангоми оростани хони идона ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.









Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






