Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 04.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, гумрук, андоз, мурофиаи иқтисодӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолиятро вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян менамояд.
Дар қонуни номбурда мафҳуми маълумоти шахсӣ, маълумоти шахсии биометрӣ ва дигар мафҳумҳо дода шуда, кафолати ҳифзи маълумоти шахсӣ, тартиби ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, маҳдудиятҳои истифодаи маълумоти шахсӣ, ҳуқуқу ӯҳдадории доранда, оператор ва шахсони сеюм, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ба танзим дароварда шудаанд.
Бо мақсади тақвияти мубориза ба муқобили коррупсия ва ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷумҳурӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки мутобиқи онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои гирифтани пора ва додани пора дар ҳолатҳои вазнинкунанда татбиқи ҷазои ҷарима манъ карда шуда, барои содир намудани ин кирдорҳо минбаъд танҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда мешавад.
Инчунин бо ин тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида, тартиби пешниҳоди мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби пур кардани бюллетени раъйпурсӣ ва эълони натиҷаи раъйпурсиро муайян менамояд.
Тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо мақсади такмили низоми бонкии мамлакат, таҳкими назорати низоми пардохтӣ, таҳия ва татбиқӣ чораҳои фаврии ислоҳиву таъсиррасонӣ ва батанзимдарорӣ, таъсиси маъмурияти муваққатӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он, тартиби тақсими дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳӣ қарор доранд ва ғайраҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи ташкилотҳои қарзӣ ва ғайриқарзии молиявӣ дар шароити бӯҳрони молиявӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати пуливу қарзӣ равона гардидаанд.
Қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили идоракунии давлатӣ, рушди низоми бонкии кишвар, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум нигаронида шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






