Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

Август 21, 2018 10:18
ДУШАНБЕ, 21.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба муносибати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон интихоб гардиданатон бипазиред.

Итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади сермасъули давлатӣ муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон дар масири таҳкиму тавсеаи бештар  идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.

Мо аз раванди рушди бемайлони робитаҳои ҳасанаи байни  кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанитар  гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалии ҳамкорӣ  ҳастем.

Зимнан  омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъда дар ин ҷода иброз медорам.

Ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар роҳи таъмини рифоҳу шукуфоии ҷомеаи Покистон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми бародари кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафти рӯзафзун орзумандам».

Август 21, 2018 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон