Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
ДУШАНБЕ, 18.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фавти собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.
Тайи давраи фаъолияти худ дар ин маснади олӣ ҷаноби Кофи Аннан бо талошҳои пайвастааш дар ҷодаи ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои рушди умум ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи замони муосир дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо намуда, мақому манзалати хосаро соҳиб гардид.
Зимнан, мехостам саъйю кушишҳои доимии ин марди боризро ҷиҳати пешбурди ҳамкорҳои созандаи Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намоям.
Бо изҳори хотироти нек ва эҳтироми бузург нисбати шахсияти марҳум аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, ибрози таъзияву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони ӯ хоҳишмандам».








Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






