Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо
ДУШАНБЕ, 06.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳузнангези бар асари силсилаи заминларзаҳои шадид дар кишвари Шумо ба ҳалокат расидану ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва харобиҳои зиёди моддӣ боиси андўҳи бузурги мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Индонезия сангин ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи ҷароҳатбардоштагон шифои комил хоҳонам».








Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






