Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Август 13, 2018 18:30

ДУШАНБЕ, 13.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Федератсияи Россияро бар асари нишасти дурушти чархбол бо кӯҳнавардон дар минтақаи кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтем.

Комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон барои муайян намудани сабаб ва ҳолати ҳодисаи фавқулода, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Муҳтарам Владимир Владимирович, тасаллияти амиқи моро қабул фармоед. Хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардӣ ва суханони тасаллобахши тоҷикистониёнро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед».

Август 13, 2018 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон