Бонувони волейболбоз барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 август то 8 сентябри соли 2018 байни бонувони вазорату идора, кумитаву муассиса ва ташкилоту сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ» ҷараён мегирад. Дар ин мусобиқа 22 даста дар 4 гурӯҳ байни худ рақобат менамоянд.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа Ҷом, диплом, туҳфаҳои моливу пулӣ ва хотиравии Раиси шаҳри Душанбе тақдим мегардад.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






